ЮНЕСКО аз аҳамияти марокашиҳо ба ҳифзи Қуръон хабар дод

Тибқи гузорише, ки ЮНЕСКО ироа кардааст, мардуми Марокаш бештарин аҳамиятро нисбат ба ҳифзи Қуръони Карим дар миёни давлатҳои исломӣ доштаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ЮНЕСКО (Созмони илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид) эълом кард, ки кишвари Марокаш беш аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар марду зани ҳофизи Қуръон дорад, ки ин кишварро дар радабандии ҷаҳонии ҳофизони Қуръон дар рутбаи якум қарор медиҳад.

Бар асоси гузориши ЮНЕСКО, теъдоди расмии ҳофизони Қуръони Карим дар Марокаш ҳудуди 1 миллиону 628 ҳазор нафар аст, ки ин кишварро аз кишварҳои дигар монанди Либия, ки як миллион ҳофиз дорад мутамоиз мекунад.

Ин гузориш мегӯяд, ки 68 дарсад аз ҳофизони Қуръони Карим дар Марокаш дар манотиқи рустоӣ ва саҳроӣ ҳастанд ва бештари онҳо мутааллиқ ба минтақаҳое мебошанд, ки забони модарии онҳо Амазигӣ номида мешавад.

ЮНЕСКО ҳамчунин хотирнишон кард, ки теъдоди марокизи ҳифзи Қуръони Карим дар Марокаш беш аз 30 ҳазор марказ аст, ки нишондиҳандаи зерсохтҳои густурда барои омӯзиш ва ҳифзи Қуръони Карим аст. Аз ин марокиз, 21 дарсад дар минтақаи Сус ва 20 дарсад дар минтақаи Марокаш-Асфӣ қарор доранд.

Ҳар сола дар минтақаи рустоии Томсолт, воқеъ дар 50 километрии шаҳри Тародент, ҷашнҳои бузурге барои таҷлил аз ҳофизони ҷадид ҳамроҳ бо барномаҳои мазҳабӣ ва фарҳангӣ баргузор мешавад, ки нишон диҳандаи аҳамияти ва ҷойгоҳи баланди Қуръон дар фарҳанги ин кишвар аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин истиқболи умумӣ аз таълими  Қуръони Карим, фаъолони фарҳангӣ ва динии ин кишвар аз Вазорати дин ва умури исломӣ мехоҳанд то бо ҳимояти молӣ ва ташвиқи ҳофизони Қуръон ба вижа ҳофизони манотиқи рустоӣ ва ҳошиянишин, ононро дар идомаи роҳи ҳифз ва таълими Қуръон ёрӣ кунад.

Мусобиқот ва ҷашнвораҳои солонаи зиёде дар заминаи таълим, рӯхонӣ ва ҳифзи Қуръони Карим ва таҷлил аз ҳофизони китоби Худо дар ин кишвар баргузор мешавад, ки ба тақвияти рӯҳияи рақобати мусбат ва эҷоди ангеза дар ҷавонон дар пайвастан ба ҷамъи ҳофизони Қуръон кумак мекунад. Рутбаи якуми Марокаш дар ҷаҳон аз назари теъдоди ҳофизони Қуръон, гувоҳии қавӣ бар рӯҳияи динии решадор ва пойбандии мардуми Марокаш ба таълимоти Ислом ва алоқаи онҳо ба ёдгирии маорифи динӣ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар аст.

Қуръони КаримМарокаш
Comments (0)
Add Comment