Тавсияи Макрон ба Нетаняҳу дар бораи ҷанг бо Ҳизбуллоҳ

Кохи Елисей дар баёнияе эълом кард, ки Эммануэл Макрон раисҷумҳури Фаронса дар тамоси телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу, аз нахуствазири режими саҳюнистӣ хост то аз ташдиди танишҳо ва вуқӯъи як ҷанги тамомаёр миёни ин режим ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷилавгирӣ кунад.

Дар ин баёния омадааст: Эммануэл Макрон нигаронии ҷиддии худро дар мавриди таъмиқи танишҳо байни Ҳизбуллоҳ ва (режими кӯдаккуши) Исроил ба иттилоъи Бенямин Нетаняҳу расонд ва бар лузуми ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҷанги тамомаёр, ки ба таври ҳамзамон ба манофеъи Лубнон ва режими саҳюнистӣ  осеб хоҳад расонд, таъкид кард.

Бар асоси баёнияи Кохи Елисей, Макрон дар ин тамоси телефонӣ ҳамчунин лузуми иқдоми фаврии ҳамаи тарафҳо барои дастёбӣ ба як роҳи ҳал дипломатик барои поён додан ба ҷанг дар Ғаззаро ёдовар шуд.

Баёнияи Кохи Елисей меафзояд: Макрон ҳамчунин аз нахуствазири (режими палид ва ҷинояткори) Исроил хост то аз анҷоми ҳаргуна амалиёти ҷадид дар Ғазза дар наздикии Рафаҳ ё Хон Юнус худдорӣ кунад зеро ин ҳамалот фақат боиси афзоиши теъдоди куштаҳои ғайри низомии фаластинӣ ва ташдиди вазъияти инсонии фоҷиабори кунунӣ дар ин минтақа хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки шайх Наим Қосим, муовини Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пеш тар дар изҳороте таъкид кард, ки танҳо роҳи оромиш дар марзҳои Лубнон ва Фаластини ишғолӣ оташбас дар Ғазза аст.

Наим Қосим дар гуфтугӯ бо хабаргузории Associated Press, гуфт: (режими палид ва ҷинояткори) Исроил қодир нест тасмими оғози ҷанги фарогир бо Ҳизбуллоҳро бигирад.

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, афзуд: ҳатто агар Исроил бихоҳад амалиёти маҳдуде дар Лубнон анҷом диҳад, набояд интизор дошта бошад, ки ин даргирӣ маҳдуд бошад.

Аз ибтидои амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо тавассути муқовимати Фаластин дар Навори Ғазза алайҳи низомёни ишғолгар, муқовимати исломии Лубнон низ бо ҳадафи даргир кардани бахше аз тавони низомии ишғолгарон амалиёти густурдаеро дар шимоли Фаластини ишғолӣ оғоз кард.

Расонаҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ бо изъон ба таъсироти зарботи сахти размндагони муқовимати исломии Лубнон ба шимоли Фаластини ишғолӣ эълом кардаанд, ки амалиёти Ҳизбуллоҳ ба ҷанги фарсоишӣ ва дарҳам кӯбидани шаҳракҳои саҳюнист нишин дар ин минтақа табдил шудааст.

Баҳрагирии Ҳизбуллоҳи Лубнон аз таслиҳоти модерн ва силоҳҳои зидди зиреҳ ва дақиқ, боис рӯъб ва ваҳшат дар миёни ишғолгарон шудааст ва бахши зийди шаҳракҳои саҳюнист нишини шимоли Фаластини ишғолӣ тахлия шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносони низомии режими ғосиби саҳюнистӣ, Ҳизбуллоҳи Лубнон ба танҳоӣ ниме аз тавони артиши ин режимро дар ҷабҳаи шимол даргир кард ва монеъ аз ҳузури қудратмандонаи артиши ишғолгар дар ҷабҳа ҷануб шуд.

Бенямин НетаняҳуҒаззаМакронсаҳюнистӣҲизбуллоҳҲизбуллоҳи Лубнон
Comments (0)
Add Comment