Омодагии Ироқ барои баргузории маросими моҳи Муҳаррам ва Арбаин

Вазири кишвари Ироқ зимни ишора ба талошҳои густурда барои афзоиш ва тақвияти амният ва сабот аз омодагии ин кишвар барои баргузории ҳарчи беҳтари маросими Тосуъо, Ошуро ва зиёрати Арбаин хабар дод. 

Ба гузориши хабаргузории расмии Ироқ, Абдуламир Аш-Шимрӣ, вазири кишвари Ироқ, аз талоши тамоми ниҳодҳои муртабит барои фароҳам кардани муқаддамоти баргузории маросими моҳи Муҳаррам ва Сафар ба вижа маросими Арбаини Ҳусайнӣ хабар дод.

Вазири кишвари Ироқ афзуд: бо баргузории нишасти густурдае бо ҳузури муовинон, мақомот ва мудирони кулли ин вазоратхона ва шуморе аз афсарон, гузориши 6 моҳаи нахусти соли 2024 дар бораи баррасии муҳиммтарин дастовардҳои муҳаққақ шуда ва барномаҳои ояндаи тамоми ташкилоти ин вазоратхона мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Абдуламир Аш-Шимрӣ, дар остонаи фарорасидани моҳи Муҳаррам таъкид кард: тадорукот ва омодагии муносибе барои баргузории маросими моҳи Муҳаррам дар тамоми устонҳои ин кишвар ва ҳамчунин баргузории маросими Арбаини Ҳусайнӣ ба унвони як рӯйдоди муҳим, ки Ироқ то чанде дигар шоҳиди он хоҳад буд, дар назар гирифта шудааст.

Абдуламир Аш-Шимрӣ, бо ишора ба тавсияҳои лозим барои анҷоми иқдомоти амниятӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти низомӣ ва амниятӣ, бар такмили тарҳҳои зербиноӣ, тадовуми хадамотрасонӣ ба шаҳрвандон ва истифода аз фановариҳои ҷадид ба вижа дар заминаи таъмини амнияти марзҳо, трафик ва кантроли мадорики шиносоии зоирон ва шаҳрвандон ва ҳамчунин омодагии комил барои муқобила бо маводди мухаддир ва равонгардон таъкид кард.

Абдуламир Аш-Шимрӣ, дар идома бар ҳимояти вазорати кишвар аз таъмини силоҳ ва фановариҳои мавриди ниёз ва ҳамчунин фароҳам кардани манобеи инсонии кофӣ барои анҷоми баҳинаи иқдомоти иттилоотӣ ва назорат барои таъмини амнияти маросими моҳи Муҳаррам ва Сафар таъкид ва иқдомоти анҷом шуда аз сӯи ниҳодҳои зермаҷмуъаи вазорати кишвари Ироқро сутуд.

АрбаинИроқМуҳаррамМуҳаррам ва Сафар
Comments (0)
Add Comment