Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун

Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун тахминан соати 22-и шаби 1 июл рух додааст.

Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун тахминан соати 22-и шаби 1 июл рух додааст.

Ба нақл аз сомонаи Pressa.tj, аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар  18 мошини сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса омада, давоми ду соат оташ хомӯш карда шудааст.  Фурӯшандаҳо бошанд, тақрибан то 50 дарсади молу маҳсулоти худро ба берун кашиданд.

Аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ба сомонаи мазкур гуфтанд, ки баъди сӯхтори бозори марказӣ касе бо ҳолати вазнин ба беморхона оварда нашудааст. «Баъди сӯхтор 4 нафар ба беморхона омаданд. Касе аз онҳо аз сӯхтор осеб надида буд. Танҳо нороҳатӣ ва фишорбаландӣ доштанд. Баъди дидани мутахассисон онҳо дарҳол ба хонаҳояшон рафтанд”,-гуфт манбаъ.

Ҳанӯз сабаби сар задани сӯхтор ва зарари он маълум нест.

Аммо масоҳати оташсӯзӣ дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун кам нест.

бозори марказии ноҳияи Ҷайҳунноҳияи Ҷайҳунсӯхтор
Comments (0)
Add Comment