Русия ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод

Намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ба режеми саҳюнистӣ дар бораи таъмини эҳтимолии сомонаи падофанди ҳавоӣ барои Украина ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Роша Тудей, Василий Небензия, намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ба режими саҳюнистӣ дар бораи авоқиби қатъии таъмини эҳтимолии сомона падофанди ҳавоии сохти Амрико барои Украина ҳушдор дод.

Финаншл Таймс, ҳафтаи гузашта гузориш дод, ки Амрико, Исроил ва Украина дар ҳоли музокира барои таҳвили ҳашт фарванд сомонаи падофанди ҳавоии мустаъмали «Патриот» аз режими саҳюнистӣ ба Киев ҳастанд.

Василий Небензия бо ишора ба ин гузориш, ки ба нақл аз манобеи огоҳ мунташир шудааст, гуфт, ки чунин иқдоме қатъан равобит байни режими саҳюнистӣ ва Маскавро хадшадор хоҳад дод.

Небензия, дипломати аршади рус гуфт: мӯътақидам, ки ин иқдом авоқиби сиёсии қатъиро низ дар пай хоҳад дошт. Таслиҳоте, ки барои Украина ирсол мешавад, сирфи назар аз фиристанда, дар ниҳоят мунҳадим хоҳад шуд дуруст мисли соири таслиҳоти ғарбӣ ва амрикоӣ, ки мунҳадим шуданд. Тардиде нест.

Режими саҳюнистӣ дар моҳи апрел аз барномаи худ ҷиҳати аз рада хориҷ кардани Патриотҳои мадели m 901 Рac-2 аст, ки беш аз 30 сол кор кардаанд ва ҷойгузини онҳо бо сомонаҳои падофнди пешрафтатар хабар дод. Бо ин ҳол, ин сомонаҳо ба далели нигарониҳо дар бораи ташдиди таниш бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ва табдил шудани он ба ҷанги тамомаёр, ҳанӯз аз рада хориҷ нашуда ва фаъоланд.

Финаншл Таймс муддаӣ шудааст, ки бар асоси ин тавофуқ, ки ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, Патриотҳо ибтидо аз режими саҳюнистӣ ба Амрико ирсол хоҳанд шуд ва сипас дар ихтиёри Украина қарор хоҳанд гирифт. Дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина, ки аз феврали 2022 шурӯъ шудааст, режими саҳюнистӣ танҳо кумакҳои ғайри таслиҳотӣ барои Украина фароҳам кардааст.

Исроил як сол пеш бо дархости Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мабнӣ бар таъмини сомонаи падофанди гунбади оҳанин барои Киев мухолифат кард. Русия ба дафаот дар бораи таъмини таслиҳоти хориҷӣ барои Украина ҳушдор дода ва таъкид кардааст, ки ин иқдом сирфан ба тӯлони шудани ҷанг анҷомида ва таъсире дар натиҷаи ниҳоии он надорад.

АмрикоВасилий НебензияВладимир ЗеленскийЛубнонПатриотРежими саҳюнистӣРусияСозмони МилалУкраина
Comments (0)
Add Comment