Ҳузури 4000 яҳудии туркияӣ дар ҷанги Ғазза

“Нашрияи Туркия“ дар гузорише аз ҳузури 4 ҳазор шаҳрванди яҳудии туркияӣ дар ҷанги Ғазза хабар дод, ки дар хизмати режими саҳюнистӣ машғули қатли оми мардуми Фаластин ҳастанд.

Ин нашрия навишт: 4 ҳазор шаҳрванд бо гузарномаи Туркия дар канори неруҳои режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғаззаи ҳузур пайдо карданд, ки 400 нафари онҳо аз Туркия ба сарзаминҳои ишғолӣ рафтаанд ва боқимонда низ барои маълум нашудани ҳувияташон ба ҳувиятҳои гуногун ва аз кишвари севум ба сарзаминҳои ишғолӣ рафтаанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир дар сарзаминҳои ишғолӣ 250 ҳазор нафар бо гузарномаи туркияӣ ҳузур доранд. Дар Туркия низ 20 ҳазор шаҳрванд бо ду гузарномаи туркияӣ ва исроилӣ зиндагӣ мекунанд, ки яҳудӣ ҳастанд. Ин афрод барои режими саҳюнистӣ сарбозӣ мекунанд.

Аз 7 октябр ба ин сӯ, ки ҷанги Ғазза оғоз шудааст, 65 шаҳрванди туркияии яҳудӣ дар қолаби неруҳои низомии режими саҳюнистӣ кушта шуда ва 110 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Бар асоси тафоҳуми суратгирифта, шаҳрвандони яҳудии Туркия, ки дар сарзаминҳои ишғолӣ ба сарбозӣ мераванд, аз сарбозӣ дар Туркия афв мешаванд. Бисёре аз яҳудиёни Туркия дӯст доранд, ки хизмати сарбозии худро дар сарзаминҳои ишғолӣ тай кунанд.

Ин афрод аз тариқи “Анҷумани бародарӣ“ ба хизмати сарбозӣ дар сарзамини ишғолӣ мераванд, ки нақши зиёде дар тадовуми иртибот ва мустаҳкам шудани он байни шаҳрвандони яҳудии Туркия бо сарзамини ишғолӣ дорад. Ин анҷуман дар ҳоли ҳозир 120 ҳазор узв дар Туркия дорад.

Гуфта мешавад, ки бо ҳисоби сарбозони захира ва ҳамчунин касоне, ки дубора фаро хонда мешаванд, рақами сарбозони яҳудии туркияӣ дар артиши режими саҳюнистӣ ба 10 ҳазор нафар мерасад.

Ҳамчунин гуфта мешавад сарбозоне, ки аз Туркия дар сарзаминҳои ишғолии машғули ҷанг ҳастанд, мақомҳои муҳиме доранд, ки яке аз онҳо фармондеҳи системаи гунбади оҳанин аст.

Намояндагони ҳизби исломгарои “Ҳудо пор“ дар порлумони Туркия тарҳе пешниҳод дода буданд, ки бар мабнои он, ҳақи шаҳрвандии яҳудиёни турк, ки дар артиши режими саҳюнистӣ машғули ҷанг дар Ғазза ҳастанд, лағв шавад, ки ин мавзуъ дар ҳоли баррасӣ аст.

Моҳи апрел буд, ки як шаҳрванди туркияӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ дар як амалиёти шаҳодатталабона, ду низомии саҳюнистиро захмӣ кард. Ба гуфтаи расонаҳо, ҳадди ақал ду нафар дар ин амалиёт, ки бо истифода аз корд анҷом шуд, захмӣ шуданд. Омили ин амалиёти шаҳодатталабона ба зарби тири низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расидааст.

ҒаззаРежими саҳюнистӣТуркиятуркияӣФаластин
Comments (0)
Add Comment