Ҳушдори Эрон ба саҳюнистҳо дар бораи таҷовуз ба Лубнон

Намояндагии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид баён кард: агар режими саҳюнистӣ иқдом ба таҷовузи низомӣ алайҳи Лубнон кунад, тамоми гузинаҳо аз ҷумла мушорикати комили ҳамаи ҷабҳаҳои муқовимат рӯи миз аст.

Намояндагии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид баён кард: агар режими саҳюнистӣ иқдом ба таҷовузи низомӣ алайҳи Лубнон кунад, тамоми гузинаҳо аз ҷумла мушорикати комили ҳамаи ҷабҳаҳои муқовимат рӯи миз аст.
Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар Нию-йорк дар вокуниши ҷанги равонии режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба Лубнон дар ҳисоби расмии худ дар барномаи икс (Твиттер) навишт: агарчи Эрон таблиғоти режими саҳюнистӣ дар бораи қасди ҳамла ба Лубнонро ҷанги равонӣ медонад, аммо дар сурати иқдом ба таҷовузи низомии тамомаёр, ҷанги нобудкунанда рӯй хоҳад дод.
Намояндагии Эрон иброз дошт: ҳама гузинаҳо, аз ҷумла мушорикати комили ҳамаи ҷабҳаҳои муқовимат рӯи миз аст.
Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон таъкид карда буд: “Агар ҷанге ба Лубнон таҳмил шавад, муқовимат бидуни зобитаҳо, бидуни қоидаҳо ва бидуни сақф меҷангад. Мо бонки аҳдофи комил ва воқеии дохили заминҳои ишғолӣ дорем ва метавонем ба ҳамаи ин мавозеъ бирасем, ки пояҳои мавҷудияти режими ишғолгарро суст хоҳад кард, масъала танҳо маҳдуд ба камият нест ва дар ҳар ҳол онҳо мефаҳманд, ки ман чӣ мегӯям.”

ЛубнонМуқовиматРежими саҳюнистӣСайидҳасан НасруллоҳҲизбуллоҳи ЛубнонЭрон
Comments (0)
Add Comment