Хостаи асосии Толибон аз нишасти Доҳа

Раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар изҳор дошт, нишасти Доҳа бояд ба лағви таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Афғонистон кумак кунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Суҳайл Шоҳин, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гуфт, ки интизор дорад нишасти Доҳа ба лағви таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Афғонистон кумак кунад.

Вай бо таъкид бар ин ки таҳримҳо боиси ранҷи мардуми Афғонистон мешавад, гуфт: Умедворам ин нишаст ба ёфтани роҳи ҳилле барои мушкили Афғонистон, ки акнун мардум бо он гирифтор ҳастанд, яъне рафъи таҳримҳои иқтисодӣ кумак кунад.

Нишасти сеюм Доҳа барои Афғонистон қарор аст фардо (якшанбе 30 июн) бо ҳузури намояндагони вижаи ҳадди ақал 22 кишвар ва ҳудуди ҳашт созмони ҷаҳонӣ оғоз шавад.

Муҷоҳид: Мавзӯъҳои дохилии Афғонистон дар нишасти Доҳа матраҳ нахоҳад шуд

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ки раҳбарии ҳайати Кобул дар ин нишастро ба ӯҳда дорад имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт: Мавзуъҳои дохилии Афғонистон дар Доҳа матраҳ нахоҳад шуд.

Вай афзуд: Дар ин нишаст мавзӯъҳои иқтисодӣ, маҳдудиятҳои бонкҳо ва дастовардҳои ҳайати ҳокимаи Афғонистон ба баҳс гузошта мешавад.

Муҷоҳид гуфт: Толибон ба манзури тафоҳум ва ҳалли мушкилот дар нишасти Доҳа ширкат мекунад ва кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Доҳаро ба таомул бо Афғонистон даъват мекунем.

Сухангӯи Толибон дар идома таъкид кард: Мухолифати Кобул бо ҳузури занон дар нишасти Доҳа бо ҳадафи ҳифзи мавзеи мушаххаси Афғонистон дар ин нишаст будааст.

Русия: Муваффақият нишасти Доҳа дар ҳамкории Афғонистон ва ҷомеа ҷаҳонӣ аст

Замир Коблов, намояндаи вижаи Путин ва мудури бахши дувуми осиёии Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки нишасти сеюми Доҳа ҳангоме судманд хоҳад шуд, ки ҳамкориҳои наздик миёни Толибон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат гирад.

Вай афзуд, ин нишаст дар сурате асаргузор мешавад, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон ва мардуми он низ кумак кунад.

Коблов ба ТАСС гуфт: Ба назари мо, ин нишаст дар сурате муфид хоҳад буд, ки ба эҳёи ҳамкориҳои наздик ва созанда миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мақомҳои Афғонистон, дар нахуст барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва мардуми он кумак кунад.

Намояндаи вижаи Путин идома дод, ҷаҳон дар ҳоли дарки ин мавзӯъ аст, ки Толибон ба таври қонунӣ дар Афғонистон масъул аст, чизе ки Русия муддатҳо пеш ба он эътироф дошт.

Вай дар посух ба инки оё Русия дар ин замина пештоз будааст, гуфт: албатта, ҷаҳон дар ҳоли огоҳ шудан аз ин воқеият аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин воқеият огоҳ аст, ки бояд бо Толибон ба унвони як давлат таомул кунад.

АфғонистонДоҳаҚатарТолибон
Comments (0)
Add Comment