Омори нави шаҳидон ва маҷрӯҳони ҷанги Ғазза

Вазорати беҳдошти Ғазза омори нави шаҳидон ва маҷрӯҳон дар пайи ҳамалоти беҳраҳмонаи Исроил ба Ғаззаро эълом кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард: Режими ишғолгари Исроил дар муддати 24 соъати гузашта муртакиби се куштор дар Ғазза шуда, ки 40 шаҳиду 224 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.

Тибқи гузориши хабаргузории Ал-ҷазира, ин вазоратхона эълом кард: Омори шаҳидон аз ҳафти октябр ба 37 ҳазору 834 нафар ва омори маҷрӯҳон ба 86 ҳазору 858 нафар расид.

Аз сӯи дигар хабарнигори Ал-ҷазира аз шаҳодати чаҳор фаластинӣ ва захмӣ шудани чанд нафари дигар дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба як мошин ва манзиле дар ҷануби шаҳри Ғазза хабар дод. Ҳамчунин панҷ фаластинӣ дар ҳамлаи Исроил ба ҷамъомади фаластиниҳо дар маркази шаҳри Ғазза шаҳид шуданд.

Муқовимати Фаластин дар субҳи ҳафтуми октябр амалиёти Тӯфони Ақсоро дар дифоъ аз мардуми мазлуми Ғазза бо ҳамла ба шаҳракҳои саҳюнистнишини минтақа “Ғилофи Ғазза” оғоз кард, ки ба дунболи он ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза оғоз шуд.

Тайи ин муддат режими ишғолгар ҳамалоти ваҳшиёна ва ғайриинсониро алайҳи ғайринизомиён ва ба вижа занону кӯдакон дар Навори Ғазза анҷом дод.

ҒаззаИсроилРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment