Мӯҳсини Исломӣ субҳи шанбе 9 тири 1403 баробар бо 29-06-2024 изҳор кард: 58 ҳазору 640 шӯъба шумориш шудааст, ки шомили 482 шаҳристон мешавад.
Вай афзуд: 24 миллиону 535 ҳазору 185 раъй(овоз) шумориш шудааст ва тартиби оро ба шарҳи зер аст:
* Масъуди Пизишкиён: 10 миллиону 415 ҳазору 991 раъй
* Саиди Ҷалилӣ: 9 миллиону 473 ҳазору 298 раъй
* Муҳаммадбоқири Қолибоф: 3 миллиону 383 ҳазору 340 раъй
* Мустафо Пурмуҳаммадӣ: 206 ҳазору 397 раъй
Исломӣ бо баёни инки « Вазорати кишвар натоиҷи орои шуморишшударо ба Шӯрои нигаҳбон ирсол кард», гуфт: Таъйиди сиҳати интихобот ба ӯҳдаи Шӯрои нигаҳбон аст.
Бар асоси қонун ва мавориди қонуни интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ҳеҷ кадом аз номзадҳо натавонистад аксарияти мутлақи ороро ба даст оваранд.