Гузориши Комиссиюни ҳуқуқи башари Фаронса дар бораи афзоиши исломҳаросӣ

Комиссиюни ҳуқуқи башари Фаронса дар гузориши солонаи худ аз афзоиши исломҳаросӣ ва нажодпарастӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Рейтер, Комиссиюни ҳуқуқи башари Фаронса дар гузориши солонаи худ, ки имрӯз панҷшанбе мунташир шуд эълом кард, ки исломҳаросӣ ва нажодпарастӣ дар Фаронса дар ҳоли афзоиш аст ва ин мавзӯъ бештар ношӣ аз ҷанги Ғазза ва иддаҳои рости ифротӣ аст.

Дар ҳолеке ҳизби миллии рости ифротии Фаронса дар интихоботи парлумони Аврупо пирӯз шуда ва фазои Фаронсаро ба самти ифротигарӣ ва тундравӣ савқ дода, ҷанги Ғазза низ боис афзоиши яҳудиситезӣ ва исломҳаросӣ дар Фаронса, монанди соири нуқоти ҷаҳон шудааст.

Комиссиюни ҳуқуқи башари Фаронса ба таври возеҳ аз афзоиши нажодпарастӣ, исломҳаросӣ ва яҳудиситезӣ дар соли 2023 ва ҳамзамон бо оғози ҷанги Ғазза сухан гуфтааст.

Бар асоси ин гузориш, иқдомоти яҳудиситезона ва исломҳаросона ба тартиб 284 дарсад ва 29 дарсад ва соири анвои аъмоли нажодпарастона 21 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар ин асос 51 дарсад аз посухдиҳандагон ба назарсанҷии ин комиссиюн гуфтаанд, ки дигар эҳсос намекунанд Фаронса хонаи онҳо аст. 43 дарсад ҳам гумон мекунанд, ки ҳисси ноамнии мавҷуд дар Фаронса ба хотири муҳоҷирон аст. Бо ин ҳол 69 дарсад аз ҷомеаи омории ин таҳқиқ аз иддаи ҳизби миллии рости Фаронса мабни бар инки фаронсавиҳо бояд барои машоғил, имкорон ва маскан бар хориҷиҳо тарҷеҳ дода шаванд, ҳимоят намекунанд.

АврупоҒаззаисломҳаросӣФаронса
Comments (0)
Add Comment