Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Арабистон ба тақвияти ҳамкориҳо

Дар дидори раиси парлумони Тоҷикистон бо раиси Кумитаи дӯстии парлумонии Арабистони Саудӣ, чашмандози ҳамкориҳо байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар дидори раиси парлумони Тоҷикистон бо раиси Кумитаи дӯстии парлумонии Арабистони Саудӣ, чашмандози ҳамкориҳо байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси парлумони Тоҷикистон бо Муҳаммад ибни Абдулазиз, раиси Кумитаи дӯстии парлумонии Арабистони Саудӣ, дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки равобит ва ҳамкориҳои ду кишвар бар асоси дарки мутақобил ва бо дар назар гирифтани манофеи дуҷониба дар ҳоли тавсеа аст.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки яке аз авлавиятҳои равобити Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавсеаи ҳамкориҳои байни парлумонии ду кишвар аст.

Дар натиҷаи ин дидор ибрози итминон шуд, ки сафари кунунӣ сафҳаи ҷадидеро барои табодули назар дар мавриди мавзуъҳои мавриди алоқаи ду тараф ва густариши ҳамкориҳои байни парлумонӣ боз хоҳад кард.

Раиси Кумитаи дӯстии байни парлумонии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон ҳамчунин бо Файзалӣ Идизода, раиси Кумитаи парлумони Тоҷикистон дар умури давлатсозӣ ва худгардонии маҳаллӣ ва раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ миёни ду кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Тай ин дидор вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои байни порлумонӣ баррасӣ ва таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон нисбат ба тавсеаи бештар ва густариши равобит бо Арабистони Саудӣ аз ҷумла тақвият ва густариши равобити байни порлмонӣ аҳамияти вижае қоил аст.

Бо ҳадафи рушди равобити ду ҷониб ба як сатҳи ҷадиди кайфӣ, дар дараҷаи аввал, бар аҳамияти лузуми беҳбуди кори Гурӯҳи парлумонӣ таъкид шуд.

Арабистони СаудӣЗокирзодаТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment