“Тӯфони Ал-Ақсо” ҷойгоҳи Исломро дар Амрико тақвият кард

Падидаи гароиши физояндаи амрикоиҳо ба Ислом дар даҳаҳои ахир пурсишҳоеро дар расонаҳои ибрӣ эҷод кардааст ба вижа, ки Ислом дар остонаи табдил шудан ба дувумин дини бузург дар ин кишвар аст.

Гарчи гаравидан ба Ислом дар Амрико як падидаи таърихӣ аст, ки аз қарни гузашта рӯй додааст, аммо ҳаводиси 11 сентябри 2001 ва ҷанги соли 2023 алайҳи Ғазза, ин падидаро тақвият кардааст.

“Ал-Од ибни Дайвӣ” коршиноси Ислом дар донишгоҳи Барайлан ва пажӯҳишгари маҷмаъи тафаккури минтақаӣ гуфт: ҷанги Ғазза дар тақвияти ҷойгоҳи Ислом дар Амрико нақши азиме ифо намудааст ба наҳве, ки Амрикоро ба кишвари пешрав дар Ғарб дар гаравидан ба Ислом табдил карда ва боиси тақвияти гуфтумони зидди саҳюнистӣ дар миёни мусулмонони Ғарб шудааст.

Вай дар мақолае, ки дар рӯзнома Исроил Ал-Явм мунташир шуд, афзуд: ба унвони бахше аз таҳрик алайҳи режими саҳюнистӣ, бисёре аз раҳбарони мазҳабии Амрико аз маҳкумияти сареҳи ҳамлаи Ҳамос дар 7 октябр худдорӣ ва бар ранҷи Фаластиниён дар Ғазза тамаркуз карданд. Ба назар мерасад, ки ин аввалин бор аст, ки муборизаи мусулмонон барои эҳёи ҳуқуқи Фаластиниён натанҳо ҷойгоҳи Ислом ва мусулмонон дар Ғарбро тақвият карда балки онҳоро дар сафи муборизаи бо зулм ва беадолатии саҳюнистӣ қарор додааст.

Вай тавзеҳ дод: мусулмонони Амрико мубориза барои Фаластиниҳоро раҳбарӣ карданд ва бархилофи ҷангҳои қаблӣ дар Ғазза, ки фақат мунҷар ба афзоиши ҳамалоти лафзӣ алайҳи режими саҳюнистӣ шуд ҳафтуми октябр (амалиёт Тӯфони Ал-Ақсо) нуқтаи атфе буд, ки ҷойгоҳи Исломро дар Амрико тақвият кард, ки далели умдаи он интиқод аз давлати Байден ба далели ҳимоят аз режими кӯдаккуши саҳюнистӣ буд.

Вай хотирнишон кард: агар чӣ теъдоди мусулмонони Амрико андак аст, аммо мавқеият ва нуфузи онҳо дар аёлтҳои монанди Мичиган, Пенсилвания ва Ҷорҷия бисёр зиёд аст, ки ширкати густурдаи донишҷӯёни мусулмони амрикоӣ дар тазоҳуроти ҳимоят аз Ғазза гувоҳи ба ин муддаост. Аз сӯи дигар ҷанги Ғазза боиси афзоиши гароиш ба Ислом дар Амрико шуда ва Ислом дар замони ҳозир севумин дин пас аз масеҳият ва яҳудият дар Амрико аст.

Вай тавзеҳ дод: “Далоили зиёде вуҷуд дорад, ки амрикоиҳоро ба пайвастани ба Ислом савқ медиҳад ба вижа пас аз 11 сентябр, ки мусулмонони Амрико кӯшиданд тавонмандиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва расонаии худро афзоиш дода ва Исломро дини мубориза бо фақр, нажодпарастӣ ва беадолатӣ муаррифӣ намоянд, ки барои адолат ва озодӣ меҷангад лизо ҳимояти амиқи худро аз Ғазза ва Фаластин ба унвони мардуми мазлум эълом карданд.

Аз сӯи дигар, мусулмонони Амрико ба дунё фаҳмонданд, ки Ислом мухолифи нажодпарастӣ буда ва бартарӣ фақат дар тақвост, ки ин масъала ба вижа боиси гароиши сиёҳпӯстони Амрико, ки наслҳост бо нажодпарастии сафедҳо мувоҷеҳанд, ба Ислом шуд.

Иллати дигари гароиш ба Ислом мухолифати ин дин бо фаҳшо ва фасод аст, ки бисёре аз занони Амрико аз фасод дар ин кишвар мутанаффир шуда ва хоҳони бозгашт ба маънавият ҳастанд. Лизо гаравидан ба Ислом дар Амрико бо пазириши эҳсосоти зидди саҳюнистӣ ва ҳимоят аз муборизоти Фаластин ҳамроҳ аст, воқеияте, ки дар даврони печидаи пас аз 7 октябр аҳамияти вижае пайдо кардааст.

Ал-АқсоАмрикоҒаззаисломТӯфони АқсоТӯфони Ал-АқсоФаластин
Comments (0)
Add Comment