Покистон: Пас аз қудрат ёфтани Толибон терроризм дар минтақа коҳиш ёфт

Вазири дифои Покистон изҳор дошт бо хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва ба қудрат расидани Толибон, терроризм дар минтақа коҳиш ёфт ва хоки Афғонистон низ амн шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон гуфт: “Замоне ки Амрико Афғонистонро тарк кард ва Кобул ба дасти Толибон афтод, акнун терроризм дар минтақа бисёр коҳиш ёфтааст, ба андозаи қабл нест, ба андозаи замоне ки Амрико онҷо буд.”

Вай афзуд: “Акнун хоки Афғонистон амн аст, аммо дар хориҷ терроризм вуҷуд дорад, ки гоҳе дар Русия ва гоҳе дар кишвари мо ва соири кишварҳо зоҳир мешавад.”

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин Хоҷа Осиф муддаӣ шуда буд махфигоҳҳои террористҳо дар хоки Афғонистон вуҷуд дорад.

Вазири дифои Покистон гуфта буд: “Манбаи терроризм дар Покистон, аз Афғонистон сарчашма мегирад ва бо вуҷуди талошҳои мо, Кобул ҳеҷ пешрафте дар ин росто надорад.”

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия пеш аз ин бо изҳори ин ки Маскав ба Толибон дар омӯзиши неруҳои зидди терроризм кумак мекунад, гуфта буд Толибон шарики ҳамаи кишварҳои минтақа дар мубориза бо ДИИШ аст.

ДИИШПокистонтерроризмТолибон
Comments (0)
Add Comment