Ҳамалоти террористӣ дар Доғистон ва эълони мотам

Дар робита ба ҳамлаи террористӣ, ки дар пайи қурбониҳо дошт, рӯзҳои 24, 25 ва 26 дар Доғистон мотами серӯза эълон карда шудааст

Шаби 23 июн дар шаҳрҳои Дербент ва Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони ҳамлаи маргбори террористӣ сурат гирифт.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия афроди ношинос ба як каниса ва калисои Дербент ва ҳамчунин ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа ҳамла карданд.
Тибқи иттилои мақомот, дар пайи ин ҳамалот дастикам 17 нафар, аз ҷумла 15 афсари пулис кушта шуданд.

Раҳбари минтақа Сергей Меликов уфт: “Зиёда аз 15 афсари пулис қурбонии ҳамлаи террористии имрӯза шуданд, ки сулҳу оромии Доғистонро ҳимоят мекарданд”.

Дар ҷумҳурӣ режими амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шуд ва дар ҳар ду шаҳр ҷанг то бевақтии шаб идома карда, дар ҷараёни он чанд террорист нобуд карда шуданд.
Дар бораи шумори дақиқи террористон, ки кушта шуданд, иттилои дақиқ то ҳол нест, зеро Кумитаи зиддитеррористӣ теъдоди онҳоро панҷ ва раҳбари минтақа шаш нафар хондааст.
Ба гуфта вай, марҳилаи фаъоли амалиёти ҷангӣ дар Маҳачқалъа ва Дербент ба анҷом расид, вале корҳои ҷустуҷӯиву тафтишотӣ дар минтақа “то муайян шудани ҳама иштирокчиёни ячейкаҳои хуфта” идома хоҳанд кард.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, аксари кушташудагон ва захмиён афсарони пулис буда, тибқи додаҳои ахир, 15 афсари пулис ва дастикам ду ғайринизомӣ кушта шудаанд. 16 нафарро ба беморхона бурданд.
Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар Ҷумҳурии Доғистон аз рӯи моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (амали террористӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонии ҷумҳурӣ рафти тафтиши корҳои ҷиноятиро таҳти назорат гирифт.

ДоғистонРусиятеррорист
Comments (0)
Add Comment