Путин: Созишнома бо Кореяи Шимолӣ шомили кӯмаки мутақобил дар сурати таҷовуз аст

Имрӯз (чоршанбе) дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Русия ба Кореяи Шимолӣ Путин ва Ким Чен Ун созишномаи шарикии стратегиро имзо карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, хабаргузории ТАСС гузориш дод, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз, чаҳоршанбе, пас аз музокироти муфассали худ бо Ким Чен Ун, раиси умури давлатии Кореяи Шимолӣ эълом кард, ки тавофуқномаи марбут ба мушорикати роҳбурдии ҷомеъ байни Русия ва Кореяи Шимолӣ, мавзуи кумакҳои мутақобил дар сурати таҷовуз ба яке аз ду тарафи тавофуқро дар назар гирифтааст.

Путин тавзеҳ дод: Созишномаи мушорикати ҷомеъ, ки имрӯз имзо шуд дар канори соири маворид, кумакҳои мутақобил дар сурати таҷовузи хориҷӣ ба яке аз тарафҳои ин тавофуқномаро низ шомил мешавад. Илова бар ин, тарафи русӣ ҳамкории низомӣ-фаннӣ бо Ҷумҳурии халқи Кореяи Шимолиро тибқи ин тавофуқнома мустасно намекунад.

Раиси Кореяи Шимолӣ низ таъкид кард, ки ин санад моҳияти сулҳомез ва дифоӣ дорад ва дар хизмати эҷоди як ҷаҳони чанд қутбӣ аст ва бо вазъияти тағйир ёфтаи Русия ва Кореяи Шимолӣ дар арсаи байналмилалӣ мутобиқат дорад.

Илова бар ин, Путин изҳороти кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар мавриди таъмини системаҳои таслеҳотии дурбурд бо диққати боло, ҳавопаймоҳои F- 16 ва соири таслеҳоти пешрафта барои ҳамалоти артиши Украина ба хоки Русияро мавриди тавваҷуҳ қарор дод ва ёдовар шуд: Ин фақат як баёния нест, балки ин масаъла дар ҳоли ҳозир ҳам иттифоқ меафтад ва тамомии инҳо нақзи фоҳиши маҳдудиятҳое аст, ки кишварҳои ғарбӣ дар чорчуби анвои тааҳҳудоти байналмилалӣ ба уҳда гирифта буданд.

Тавофуқномаи ҷадид байни Русия ва Кореяи Шимолӣ дар бораи мушорикати стратегики ҷомеи имрӯз дар Пхенян ва дар чорчуби сафари Владимир Путин ба Кореяи Шимолӣ имзо шуд. Ин тавофуқнома ҷойгузини асноди асосии қаблии имзошуда байни Маскав ва Пхенян: Паймони дӯстӣ ва кумаки мутақобил дар соли 1961, муоҳидаи дӯстӣ, ҳамсоягии хубу ҳамкории соли 2000 ва баёнияҳои муштараки Маскав ва Пхенян мусавваби 2000 ва 2001 хоҳад шуд.

Путин ва Ким Чен Ун, шахсан ин тавофуқномаро имзо карданд. Раисҷумҳури Русия ин тавофуқномаро як “Санади бунёдӣ” номид, ки усули равобити ду кишвар дар дарозмуддатро мушаххас мекунад.

Музокироти Путин ва Ким Чен Ун ки раҳбарон ибтидо ба сӯрати хусусӣ ва сипас дар таркиби густарда баргузор шуд. Ин нишаст қарор буд як соъат давом кунад, аммо дар ниҳоят ду соату ним давом кард.

Владимир ПутинКим Чен УнКореяи ШимолӣРусия
Comments (0)
Add Comment