Мақомоти рус монеи вуруди гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик ба хоки Русия

Мақомоти рус ба гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба хоки Русияро надодааст.

Мақомоти рус ба гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба хоки Русияро надодааст.

Аз рӯзи 14-уми июн беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуково парвоз карда буданд, дар марз дармондаанд.

Чанд тан аз онҳо рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти рус онҳоро “дардисарсоз” барои Русия номидаанд.

Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Як тан аз муҳоҷирон гуфт:

“Се рӯз қабл бо рейси Сомон-эйр ва Урал-эйр омадем. Дар вақти аз нуқтаи марз гузаштан намояндаҳои ФСБ омаданду гуфтанд, ки аз Тоҷикистон ҳастед, шумо ба Русия зарар мерасонед, ба ватанатон баргардед”.

Муҳоҷирон гуфтанд, ки аз онҳо дар бораи ҳодисаи “Крокус” пурсиданд ва телефонҳояшонро тафтиш кардаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия касе ба зангҳои мо посух надод, вале як муҳоҷири дармонда ба Радиои Озодӣ гуфт, дар посух ба занги телефониаш дар сафорат гуфтаанд, ки “вақте медонед, мушкилӣ ҳаст, куҷо омадед.”

Дар навори видеоӣ, ки муҳоҷирони дармонда аз фурудгоҳи Внуково ба Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки занону кӯдакон рӯи фарши фурудгоҳ хобидаанд. Муҳоҷирон гуфтанд, ки рӯзе танҳо ба онҳо як бор ғизо медиҳанд ва шароиташон бад аст.

Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус” дар охири моҳи марти имсол, ки мақомоти рус ҳамлагаронро шаҳрвандони Тоҷикистон номиданд, фишору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфт. Ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир ба Русия роҳ наёфт ва садҳо нафари дигарро аз ин кишвар ихроҷ карданд. Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон тавсия дода буданд, ки муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар баробари афзоши ихроҷ ба гуфтаи ВКД, шумори ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар соли ҷорӣ мизони ихроҷи хориҷиҳо аз Русия ба таври қобили мулоҳиза афзудааст.

Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷӣ, ки қонунҳои Федератсияи Русияро нақз кардаанд, аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Ин назар ба ҳамин давраи соли 2023 қариб ду баробар зиёд аст.

Тибқи гузориши таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Русия, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ФР 38 ҳазор қарор қабул шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 28,5% зиёд аст.

Ҳамчунин дар ин давра, 669 нафари дигар аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд, гузориш медиҳад, ин ниҳод.

Илова бар ин, ба гуфтаи ин ниҳод, шумори ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2,5 маротиба (ба 676) афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, пулис вуруди ҳудуди 79 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ба Федератсияи Русия манъ кардааст, ки нисбат ба чаҳор моҳи соли 2023 қариб 24 ҳазор нафар бештар аст.

Ҳамчунин, шумори иҷозатномаҳои муваққатии иқомат-РВП 40% ва шумораи иҷозатномаҳои иқомат – ВНЖ 20% кам шудааст.

 

МуҳоҷиронРусияТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment