Шаҳодати 16 ҳазору 694 кӯдаки фаластинӣ ба дасти режими саҳюнистӣ

Маркази иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза эълом кард, ки аз ҳафтуми октябри гузашта то кунун 16 ҳазору 694 кӯдаки фаластинӣ шаҳид ва 3600 кӯдак мафқуд шудаанд ва 200 кӯдак ҳам дар асорати режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза эълом кард, ки режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аз ибтидои таҷовуз ба Навори Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 то кунун 15 ҳазору 694 кӯдаки Фаластиниро ба шаҳодат расонда ва беш аз 34 ҳазор кӯдакро низ маҷрӯҳ ва захмӣ кардааст.

Ин дафтар афзуд, ки дасти кам 200 кӯдаки фаластинии сокини Навори Ғазза дар зиндонҳои режими ишғолгар дар асорат ҳастанд.

Бар асоси гузориши дафтари иттилоърасони давлатӣ дар Навори Ғазза, 33 кӯдак дар Навори Ғазза ҷони худро ба иллати қаҳтӣ ва гуруснагӣ аз даст додаанд ва ҳамаи кӯдакони Ғазза дар маърази ибтило ба бемориҳои вогирдор қарор доранд, ки ҷони бештари ин кӯдакон дар хатар аст.

Дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза ҳамчунин эълом кард, ки 3600 кӯдаки фаластинӣ дар Навори Ғазза зери овори ба ҷо монда аз ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ нопадид ҳастанд.

Навори ҒаззаРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣФаластини
Comments (0)
Add Comment