Тоҷикистон мухолифи роҳ додани Толибон ба СҲШ

Русия ва аксари дигар иштирокчиёни ҷаласаи ахири Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай тарафдори аз нав фаъол сохтани кори гуруҳи Созмони Шанхай – Афғонистон шудаанд, вале Тоҷикистон ба ин розӣ нест.

Русия ва аксари дигар иштирокчиёни ҷаласаи ахири Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай тарафдори аз нав фаъол сохтани кори гуруҳи Созмони Шанхай – Афғонистон шудаанд, вале Тоҷикистон ба ин розӣ нест.

Ба гузориши манбаъ:

Дар ин бора рӯзи 11 июни соли 2024 дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА Новости мудири департаменти дуюми Осиё дар вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов хабар дод.  Собиқ фиристодаи хоси президенти Русия дар умури Афғонистон гуфтааст, дар Русия боз ҳам умедворанд, ки Душанбе мавқеашро дар ин масъала иваз ва нармтар хоҳад кард.

Замир Кобулов, ки дар ҳукумати Русия яке аз пуштибонҳои асосии сиёсати эътирофи ҳукумати Толибон ва ҳамкории Маскав бо “Аморати исломӣ” шумурда мешавад, гуфт: “Масъалаи аз сар гирифтани кори гуруҳи Созмони Шанхай – Афғонистон чанде пеш дар Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви созмон баррасӣ шуд. Русия ва аксари иштирокчиёни дигари нишаст эхостори аз сар гирифтани кори ин гуруҳи тамос шуданд. Аммо ҳамкорони тоҷикистонии мо дар ин масъала ҳанӯз бархе шакку шубҳаҳо дрранд. Вале мо умедворем, ки дар ояндаи наздик онҳо низ мавқеи худро нармтар хоҳанд кард”.

То ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи Толибон дар моҳи августи соли 2021 Афғонистон дар Созмони Шанхай мақоми кишвари нозирро дошт ва барои пайвастан ба узвияти ин созмон талош мекард. Дар нишастҳои Созмони Шанхай намояндагони Афғонистон, аз ҷумла президентҳояш доим иштирок доштанд. Вале баъди ба қудрат расидани  Толибон намояндагони Афғонистонро дигар ба ҷаласаҳои Созмони Шанхай даъват накарданд. Ҳарчанд ки дар бобати ояндаи Афғонистон дар ин созмон то ҳол ягон қарори алоҳидае қабул нашудааст.

Толибон инак соли дуюм боз талош доранд, то онҳоро ба нишастҳои Созмони Шанхай даъват кунанд. Ин метавонад ҳамчун як аломати эътирофи ғайрирасмии режими онҳо маънидод шавад.

Кӯшиши барқарор кардани кори гуруҳи Созмони Шанхай – Афғонистон дар Созмони Шанхай дар ҳолест, ки бархе кишварҳои пурнуфузи узви ин созмон дар вақтҳои охир ба тарафи эътирофи амалии режими Толибон иқдомҳое рӯи даст гирифта истодаанд.

Барои мисол, Хитой алакай кайҳо боз сафораташро дар Кобул фаъол сохта, чандин ҳайъати баландпояро ба Афғонистон фиристод ва намояндагони Толибонро низ чандин бор ба Пекин даъват кард.

Ҳамин тавр, дар поёни моҳи майи соли ҷорӣ вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати адлияи Русия ба президенти ин кишвар Владимир Путин пешниҳод карданд, ки ҳаракати тундрави “Толибон”-ро аз рӯйхатти сиёҳи созмонҳои дар Русия мамнӯъ хориҷ кунад.

Худи Путин низ дар нишасти хабариаш изҳор дошт, ки бояд воқеиятҳоро ба назар гирифта, бо ҳаракати “Толибон” роҳҳои муносибатро пайдо кард, зеро имрӯз маҳз ҳамин ҳаракати қудрати воқеиро дар Афғонистон дар даст дорад.

Путин гуфт:

“Дар Афғонистон бидуни ягон шак мушкилот вуҷуд дорад ва он мушкилот ба ҳама маълум аст. Аммо масъалаи истиқрори муносибатҳо  бо ҳукумати кунунӣ масъалаи дигар аст. Бояд бо ягон роҳ муносибатҳоро ба роҳ монд. Инҳо идораи кишварро дар даст доранд, кишварро онҳо назорат мекунанд, онҳо имрӯз соҳиби қудрат дар Афғонистонанд. Бояд воқеиятҳоро ба назар гирифт ва бар асоси он муносибатҳоро ба роҳ монд “.

Рӯзи 3 июни соли 2024 президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев хабар дод, ки Қазоқистон  алакай “Толибон”-ро аз рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ баровардааст, то ки имкони рушди ҳамкориҳо бо ҳукумати Афғонистонро, ки таҳти назорати “Толибон” қарор дорад, ба даст биорад.

Тоқаев изҳор дошт:

“Қазоқистон бо дарназардошти аҳамияти рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Афғонистони имрӯза ва дарки ин воқеъият, ки ин режим барои муддати давомдор дар сари кор аст, режими “Толибон”-ро аз рӯйхатти созмонҳои террористӣ хориҷ кард”.

Дар ин шароит, Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки ба сиёсати худдорӣ аз эътирофи режими нави Толибон ва ҳамкорӣ бо он пойбанд боқӣ мемонад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, Толибон бояд пеш аз ҳама ҳукумати фарогире ташкил бидиҳанд, ки дар он намояндагони тамоми қавмҳои сокини Афғонистон, бахусус тоҷикҳо, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд, намояндагии шоиста дошта бошанд.

Тоҷикистон ҳамчунин дар қаламраваш ба бисёре аз мақомҳои баландпояи ҳукумати қаблии Афғонистон ва раҳбарони Ҷабҳаи миллии муқовимати Афғонистонро, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, паноҳ додааст.

Ҷои зикр аст, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари асосгузори Созмони Шанхай метавонад монеи аз сар гирифтани кори гуруҳи тамос бо Афғонистон шавад. Дар вақташ, мухолифати Душанбе боиси чандин сол ба таъхир афтодани қабули Эрон ба узвияти Созмони Шанхай шуда буд. Теҳрон танҳо баъди ҳалли мушкилоти мавҷудааш бо Душанбе тавонист имкони пайвастан ба саффи ин созмони минтақавиро ба даст биорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Пажуҳишгоҳи умури ҷаҳонии Швейтсария (Swiss Institute for Global Affairs – SIGA)  рӯзи 21 феврали соли 2024 дар як матлаби ихтисосӣ дар бораи музокироти махфии мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони гуруҳи Толибон, ки соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон ба даст оварданд, хабар дод.

Бино ба иттилои ин манбаъ, музокираҳо бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2023 оғоз ёфта, гӯё ҷониби Тоҷикистон ба Толибон аз байн бурдани “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ба Душанбе супурдани аъзои ин гуруҳи мухолифини мусаллаҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро тақозо кардааст.

Аммо намояндагони Толибон ба мақомоти тоҷик истифодаи роҳи музокирот бо ин гуруҳи мухолифашро машварат дода, гуфтаанд, ки  метавонанд байни ҳукумати Тоҷикистон ва “Ансоруллоҳ” нақши миёнаравро иҷро карда, ин музокиротро барпо кунанд. Идомаи матлаб дар …  

СҲШТолибонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment