СММ: Исроил дар ҷанги Ғазза ҷиноятҳои ҷангӣ анҷом додааст

Комиссияи мустақилли таҳқиқоти Созмони Милал дар гузориши тозаи худ ба ин натиҷа расидааст, ки режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр токунун дар Ғазза муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудааст.

Комиссияи мустақилли таҳқиқоти Созмони Милал дар гузориши тозаи худ ба ин натиҷа расидааст, ки режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр токунун дар Ғазза муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудааст.

“Мақомоти исроилӣ масъули ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият ҳастанд, ки дар ҷараёни амалиёт ва ҳамлаҳои низомӣ дар Ғазза аз 7-и октябри 2023 анҷом шудааст” инҳо ҷадидтарин ёфтаҳои комиссияи мустақилли таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милал дар бораи заминҳои ишғолии Фаластин аст.

Тибқи гузориши хабаргузории РИА Новостӣ, ин комиссияи Созмони Милал дар гузориши худ изҳор доштааст, ки мақомоти режими саҳюнистӣ, масъули ҷурмҳое чун истифода аз гуруснагӣ ба унвони як равиши ҷангӣ, куштори амдии фаластиниҳо ва ҳамалоти амдӣ ба мавозеи ғийринизомиён ва гаравгонҳои фаластинӣ, хушунати ҷинсӣ, шиканҷа ва рафтори ғайриинсонӣ ва золимона алайҳи мардуми Ғазза, боздошти худсарона ва ҳамла ба шаъни фаластиниҳо ҳастанд.

Созмони Милал таъкид кард, ки теъдоди талафоти инсонӣ дар Ғазза ва тахриби густардаи зерсохтҳои ғайринизомӣ дар ин шаҳр, натиҷаи роҳбурдӣ аст, ки ҳадафи он, эъмоли ҳаддиаксари осеб будааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки режими саҳюнистӣ дар масири таҳқиқоти Созмони Милал дар хусуси ҷармҳои ҷангӣ, монеътарошӣ шудааст ва аз дастрасии бозрасони Созмони Милал ба маконҳои мухталифе аз заминҳои ишғолӣ ҷилавгирӣ кардааст.

Ин гузориш нишон додааст, ки шаклҳои хосси хушунати ҷинсӣ ва ҷинсиятӣ, бахше аз равияҳои амалиётии неруҳои амниятии Исроил аст.

Коршиносони Созмони Милал дар Каронаи Бохтарӣ пай бурданд, ки неруҳои артиши Исроил муртакиби хушунатҳои ҷинсӣ, шиканҷа ва рафторҳои ғайриинсонӣ ва золимонае шудаанд, ки ҳамагӣ ҷиноятҳои ҷангӣ маҳсуб мешавад.

Пеш аз ин низ, сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал дар бораи ҳамлаи маргбори ахири режими саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ан-Насирот тасреҳ карда буд, ки “нигаҳдории гаравгонҳо дар манотиқи пурҷамъият, ки ҷони ғайринизомиёни фаластинӣ ва ҳамчунин худи гаравгонҳоро дар маърази хатари бештар қарор медиҳад, ҳамаи ин иқдомот аз сӯи ду тараф мумкин аст, ҷурмҳои ҷангӣ бошад.”

ҒаззаИсроилРежими саҳюнистӣСозмони Милали МуттаҳидФаластинҷиноят
Comments (0)
Add Comment