Қатъномаи Шӯрои амният дар бораи оташбас дар Ғазза – оё иҷро хоҳад шуд?

Қатъномаи ҷадиди Шӯрои амният агарчи нисбат ба ибтикороти пешин, дорои бархе паҳлӯҳои мусбат аз ҷумла дар бораи оташбаси тӯлонӣ аст, аммо ҳамчунон дар ҳавзаи замонати иҷро нақси ҷиддӣ дорад.

Қатъномаи ҷадиди Шӯрои амният агарчи нисбат ба ибтикороти пешин, дорои бархе паҳлӯҳои мусбат аз ҷумла дар бораи оташбаси тӯлонӣ аст, аммо ҳамчунон дар ҳавзаи замонати иҷро нақси ҷиддӣ дорад.

Пас аз тасвиби қатъномаи куллӣ 25 марти 2024, ки заминаи аввалия барои тарҳҳои баъдии оташбасро фароҳам сохт ва ҳамчунин тарҳи пешниҳодии Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, қатъномаи ҷадиде ба тасвиби аксарияти аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид расид. 14 узв аз 15 узви Шӯрои амният ба ин қатънома раъйи мусбат доданд ва Русия ба рағми инки бо пешнависи ин қатънома чандон мувофиқ набуд, аммо бо додани раъйи мумтанеъ (бетараф) ва вето накардани он монеъ аз тасвиб шудани он нашуд.

Муқовимати Фаластин аз тасвиби ин қатънома ба сурати машрут ва бо эъмоли ислоҳоти истиқбол карда ва мӯътақиданд матни ин қатънома ба бархе шартҳои муқовимати исломии Ҳамос таваҷҷуҳ кардааст. Ҷунбиши муқовимати Ҳамос низ аз ин иқдомоти дипломатик барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза ибрози ризоят кардааст.

Гоми ларзон

Матни ин қатънома бар асоси тарҳи пешниҳодии Байден барои оташбас дар Ғазза ва низ қатъномаи пешини Шӯрои амният танзим шудааст. Дар тарҳи пешниҳодии Байден се марҳала барои контроли танишҳо дар Ғазза ва эҷоди чашмандоз ҷиҳати барқарории оташбаси пойдор, табодули гаравгонҳо ва ташкили давлати мустақилли фаластинӣ дар назар гирифта шудааст. Байден муддаӣ аст, ки пеш аз интишори умумии ин тарҳ бо сарони арабӣ ва режими саҳюнистӣ машварат ва ризояти онҳоро ҷалб намудааст.

Қатъномаи қаблии Шӯрои амният, ки дар 25 март 2024 ба тасвиб расид низ пас аз инки Амрико 4 қатъномаи паёпайро вето карда буд, аввалин заминаи ҳуқуқиро барои оташбас фароҳам сохт. Дар қатъномаи қаблӣ, ки режими саҳюнистӣ ба шиддат бо он мухолиф буд, иборати муҳиме омадааст. Мухолифати сареҳ бо тадовуми ҳузури Исроил барои барқарории як режими амниятӣ, мавзӯе буд, ки Телавивро ба мухолифат во дошт.

Қатъномаи ҷадиди 2735 Шӯрои амният дорои 7 банд аст. Аз ин рӯ нисбат ба ибтикорҳои пешини Вашингтон мусбаттар буда ва ба сурати машрут мавриди истиқболи гурӯҳҳои муқовимат низ қарор гирифтааст. Ин қатънома бар хилофи пешниҳодҳои қаблӣ хостори «оташбаси тӯлонимуддат» ва ҳамешагӣ дар Ғазза шудааст. Дар айни ҳол Амрико як тағйир низ ба нафъи Исроил дар матни ин қатънома нисбат ба қатъномаи қаблӣ гунҷондааст. Дар қатъномаи ҷадиди хабаре аз мухолифати сареҳ бо идомаи ҳузури Исроил дар Ғазза нест. Дар қатъномаи қаблии Шӯрои амният аз Исроил хоста шуда буд, то аз борикаи Ғазза хориҷ ва нақш дар идораи умури амниятии ин минтақа барои худ таъриф накунад.

Бр ҳамин асоси се марҳала барои таваққуфи ҷанг ва табодули гаравгонҳо дар Ғазза пешбинӣ шудааст. Марҳалаи нахусти оташбаси фаврӣ ва комил аст, ки пеш аз ин дар матнҳои пешниҳодии Вашингтон дида намешуд. Ин масъала бо озодии асирони исроилӣ аз ҷумла занон, солмандон ва маҷрӯҳон, бозгардондани ҷасадҳои бархе аз асирон кушта шуда, табодули зиндониёни фаластинӣ, ақибнишинии исроилиҳо аз манотиқи пурҷамъияти Ғазза, бозгашти ғайринизомиёни фаластинӣ ба хонаҳо ва маҳаллаҳои худ дар тамоми манотиқи Ғазза, аз ҷумла дар шимол, ва ҳамчунин тавзеи эмин ва муассири кумакҳои башардӯстона дар миқёси бисёр бузургтар дар саросари Навори Ғазза муҳаққақ хоҳад шуд.

Дар марҳалаи дувум бо тавофуқи тарафайн, поёни доимии хусуматҳо, дар изои озодии ҳамаи гаравгонҳо, ки ҳанӯз дар Ғазза ҳастанд, ва хурӯҷи комили неруҳои исроилӣ аз Ғазза дар дастури кор қарор хоҳад гирифт. Нуктаи калидӣ дар хусуси замонати ин банд он аст, ки тарафи исроилӣ мумкин аст тан ба банди оташбаси комил надода ва пас аз озодии гурӯҳе бори дигар амалиёти низомӣ дар нуқтаҳои мухталифи Ғаззаро аз сар бигирад. Ба иборати дигар кобинаи ҷанги Исроил ба раҳбарии Бенёмин Нетаняҳу нишон дода феълан қасде барои ақибнишинӣ аз шартҳои сегонаи нобудии Ҳамос, озодии комили гаравгонҳо ва тағйири вазъияти геополотикии Ғазза надорад.

Дар ниҳояти шурӯъ як тарҳи бозсозии чандсолаи бузург барои Ғазза ва бозгардондани ҷасадҳои ҳамаи гаравгонҳо кушта шудааст, ки ҳанӯз дар ин минтақа ҳастанд, севумин банди дарҷшуда дар қатънома аст. Телавив барои таҳаққуқи ин банд ҳисоби вижае бар рӯи мушорикати фаъоли Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб боз карда ва хоҳони ба ҳошия рондани муттаҳидони Ҳамос яъне Туркия ва Қатар аст. Ин қатънома таъкид мекунад агар музокирот барои марҳалаи аввал беш аз шаш ҳафта тӯл бикашад, оташбас то замоне, ки музокирот дар ҷараён аст, идома хоҳад дошт ва аз омодагии Амрико, Миср ва Қатар барои боварӣ аз идомаи музокирот то замоне, ки тамоми тавофуқҳое ҳосил шавад ва бахши дувум битавонад оғоз шавад, хабар медиҳад.

Қатъномаи ахири Шӯрои амният бо вуҷуди нуқтаҳои заъфе, ки дар бахши замонати иҷро аз сӯи душмани саҳюнистӣ дорад, аммо ба далели таваҷҷуҳ ба масоили ҳамчун барқарории оташбаси тӯлонимуддат дар Ғазза ё адами изҳори назар дар хусуси ҳазфи ҷунбиши Ҳамос ё дигар гурӯҳҳои муқовимат аз ояндаи сиёсии ин борика дорои нуктаҳои мусбате аст ва метавонад сабаби андохта шудани тӯп дар замини Нетаняҳу ва муттаҳидони ростгарои вай шавад.

Бо ин ҳол Вашингтон ба унвони ироадиҳандаи матни ин қатънома бояд дар музокироти Доха ва Қоҳира тазмини мӯътабаре дар хусуси анҷоми тамоми мароҳили ин қатънома ироа диҳад. Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз қатъномаҳои Шӯрои амният ё конвансиюнҳои байналмилалӣ пойбанд нест ва қудратҳои ҷаҳонӣ ин тавонро надоранд, то Телавивро маҷбур ба тарки амалиёти низомӣ дар Ғазза кунанд.

АмрикоҒаззаоташбасРежими саҳюнистӣФаластинШӯрои амният
Comments (0)
Add Comment