Вокуниши сиёсатмадорони Фаластин ба қатъномаи оташбас дар Ғазза

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, бомдоди имрӯз сешанбе аз қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи оташбас дар Ғазза истиқбол кард ва ҷунбиши ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин ҳам дар баёнияе эълом кард, ки ин қатънома ниёзманди замонатҳои иҷроӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Фаластинии Само, ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ эълом кард: қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал агар чи бо таъхири беш аз ҳашт моҳ тасвиб шуд, аммо мо ба он чи дар ин қатънома омадааст ба вижа аз назари боз кардани дарҳо барои расидан ба таваққуфи ҳамаҷонибаи таҷовуз ва ақибнишинии комили душман аз Навори Ғазза, бо диди мусбат менигарем.

Ҷиҳоди исломӣ афзудааст: Мо таъкид мекунем, ки истодагӣ ва муқовимати мардуми мо чизе аст, ки душманро маҷбӯр ба таслим мекунад.

Ҷунбиши ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин ҳам дар баёнияе дар вокуниш ба тасвиби пешнависи қатъномаи оташбас дар Ғазза эълом кард, ки ин қатънома ниёзманди замонатҳои иҷроӣ аст. Дар баёнияи ҷунбиши ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин, омадааст: тасвиби қатъномаи пешниҳодии Амрико барои оташбас дар Ғазза аз сӯи Шӯрои Амният ниёзманд замонатҳои иҷроӣ аст то мунҷар ба таваққуфи доимии таҷовуз ва хурӯҷи комили саҳюнистҳо аз Навори Ғазза шавад.

Ин гурӯҳи фаластинӣ афзудааст: Ҷумалоти куллӣ ва ибороти мубҳам дар матни қатънома вуҷуд дорад, ки бояд ба тафсил тавзеҳ дода шавад то ба ҳеҷ баҳонае ба режими ишғолгар фурсат дода нашавад, ки таҷовузи низомии худро аз сар бигирад.

Дар идомаи ин баёния омадааст: Мавзеъи хасмонаи Амрико дар қиболи мардуми мо ва даргир шудан дар ҷанги вайронгари саҳюнистҳо дар Навори Ғазза, ҳар ҳаракат тарафи амрикоиро машкук мекунад ва бояд муроқиби он буд.

Ҷунбиши ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин дар ин баёния меафзояд: таваққуфи доимии таҷовузҳо, ақибнишинии ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ аз Навори Ғазза, бозгашти ҳамаи оворагон ба манотиқе, ки аз онҷо овора шудаанд, бозсозӣ, шикастани муҳосира ва имдодрасонӣ ба мардуми мо бидуни ҳеҷ қайд ва шарте аз сӯи режими ишғолгар, мавзеъи қотеъи Фаластин аст, ки бар иҷрои он исрор дорад ва ғайри онро нахоҳад пазируфт.

Ҷунбиши Ҳамос низ эълом кард, ки аз тасвиби қатъномаи оташбаси доимии даргириҳо дар Навори Ғазза тавассути Шӯрои Амнияти Созмони Милал истиқбол мекунад.

Ин ҷубнш бо судури баёнияе эълом кард: Ҳамос аз он чи, ки дар қатъномаи тасвиб шуда дар Шӯрои Амният дар робита бо оташбаси доимӣ дар Навори Ғазза, хурӯҷи комили неруҳои низомӣ аз Ғазза, табодули зиндониён, бозсозӣ, бозгашти мардуми овора ба хонаҳояшон, мухолифат бо коҳиши арозӣ ва ироаи кумакҳои зарурӣ ба мардуми Навори Ғазза буда истиқбол мекунад.

Маҳмуд Мардовӣ аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос низ бомдоди имрӯз, дар вокуниш ба тасвиби пешнависи қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи Ғазза гуфт, ки ин ҷунбиш омодаи ҳамкорӣ барои иҷрои тавофуқи оташбас аст.

АмрикоФаластинФаластиниШӯрои амният
Comments (0)
Add Comment