Аксарияти мардуми Ғазза вобаста ба кумакҳои имдодӣ ҳастанд

Комиссари Аврупо дар мудирияти буҳрон, хостори бозгушоии марзҳои заминӣ барои вуруди кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза шуд.

Иттиҳодияи Аврупо гар чи ба таври комил дар канори режими саҳюнистӣ ва сиёсатмадорони ифротии ин режими палид ва ҷинояткор истодааст, аммо бо идомаи наслкушии Фаластиниён, фишори афкори умумӣ бар мақомоти ин Иттиҳодия афзоиш ёфта ва онҳоро бар он дошта то мавозеъи ҷадиде иттихоз кунанд.

Бар ин асос, Жениз Ленарсиз, комиссари Аврупо дар мудирияти буҳрон аз шароити асафноки Фаластиниён дар Навори Ғазза ибрози таассуф кард.

Вай дар ин бора гуфт: алорағми талошҳои неҳодҳои башардӯстона барои вуруди ақломи зарурӣ ба Навори Ғазза тайи ҳашт моҳи гузашта, мизони вуруди ақломи башардӯстона ба Навори Ғазза ба сатҳи ғайриқобили пазирише расидааст. Ин дар ҳоле аст, ки бахши аъзаме аз ҷамъияти ин борика ба кумакҳои имдодӣ вобаста ҳастанд.

Комиссари Аврупо дар мудирияти буҳрон хотирнишон кард: Мо акнун ба шиддат ниёзманди истиқрори як оташбаси пойдор дар Навори Ғазза ба манзури тавзеъи кумакҳои ҳаётӣ ба ниёзмандон ҳастем. Барои вуруди кумакҳои бештар ба Навори Ғазза ду гузаргоҳи аслӣ, шомили гузаргоҳи Рафаҳ ва Карим Абусолим бояд бозгушоӣ шаванд.

Ин мақоми аршади аврупоӣ таъкид кард: акнун кумакҳо дар беруни марзи Навори Ғазза анбор шуда ва иҷозаи вуруд ба ин борикаро надорад дарҳоле, ке чанд километр он тарафтар кӯдакони фаластинӣ дар ҳоли ҷонсупурдан ба далели гуруснагӣ ҳастанд. Мо метавонем ва мо бояд ба ин фоҷиа поён бахшем.

Гузаргоҳи Рафаҳ, аслтарин масири вуруди кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза аз ҳафтуми моҳи май аз сӯи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ишғол ва вуруди кумакҳои имдодӣ ба ин борика масдуд шудааст.

Дар ҳамин робита Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид аз хатари ҷонбохтани 3 ҳазор кӯдаки фаластинӣ ба далели гуруснагӣ дар Навори Ғазза хабар дод.

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид мавсум ба ЮНИСЕФ рӯзи сешанбе ба шиддат дар бораи шароити асафноки кӯдакони мазлум ва бедифои Фаластин дар Навори Ғазза ҳушдор дод.

Бар ин асос, дар баёнияи мунташир шуда аз сӯи ин сандуқ омадааст: беш аз 3 ҳазор кӯдаки фаластинӣ дар Навори Ғазза акнун ба суи тағзияи шадид дучор шудаанд, ки қатъи дастрасии онҳо ба хадамоти дармонӣ боис шуда онҳо дар хатари ҷон бохтан дар оғӯши волидайни худ қарор бигиранд.

Ин баёния меофзоед: Оворагии Фаластиниён ба далели идомаи ҷанг дар Навори Ғазза амалан дастрасии онҳо ба хадамоти дармониро таҳти таъсир қарор додааст ва наметавон ба афроди овора хадамоти муносиб ироа дод. Гар чи вуруди ақломи башардӯстона ва маводди ғизоӣ ба манотиқи шимолии Навори Ғазза акнун ба мизони кам муяссар шуда, аммо дастрасӣ ба ин кумакҳо дар манотиқи ҷанубӣ ба шиддат коҳиш ёфтааст.

ЮНИСЕФ таъкид дорад: Тасовири ваҳшатноке аз Навори Ғазза дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки дар он кӯдакони гурусна дар ҳоли ҷон додан дар оғӯши волидайни худ ба далели набуди ғизо, мукаммалҳои ғизоӣ, ва нобудии зерсохтҳои дармонӣ ҳастанд.

Ин ниҳоди вобаста ба Созмони Милал бо дархост аз режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ барои бозкрдани гузаргоҳҳо дар Навори Ғазза барои вуруди кумакҳои башардӯстона ба ин борика, хотирнишон кард: ЮНИСЕФ  маводди ғизоии бештаре дар ихтиёр дорад, ки дар сурати иҷозаи дастрасӣ ба Навори Ғазза метавонад онҳоро барои кӯдакони фаластинӣ ирсол кунад.

Мартин Грифитс, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона дар суханоне эълом кард, ки паёми конфронси «Кумакрасонии изтирорӣ ба Ғазза», вуҷуби расидани кумакҳо ба ин борика бар асоси дастури қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ аст.

Мартин Грифитс  идома дод: бисёре аз кишварҳо ва васозмонҳо номаҳоеро ба ин конфронс фиристодаанд ва тайи он бар зарурати эҳтиромгузоштан ба қавонини башардӯстона дар Ғазза таъкид кардаанд.

Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона баён кард: бояд гузаргоҳҳои барои Навори Ғазза вуҷуд дошта бошад то битавонем қаҳтиро мутаваққиф кунем.

Мартин Грифитс бо ишора ба ҷинояти ахири артиши режими ваҳшии саҳюнистӣ дар урдугоҳи «Аннасирот» ва чигунагии озодии 4 асири саҳюнистӣ аз сӯи низомиёни артиши ин режим гуфт: агар собит шавад, ки муҷриёни амалиёти наҷоти усаро либоси неруҳои имдодиро ба тан доштаанд, ин мавзӯъ барои амалиёти имдодрсонӣ мухарриб хоҳад буд.

Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона афзуд: Исроил ба унвони неруи ишғолгар бояд ба расондани кумакҳо ба Навори Ғазза пойбанд ва мутааҳҳид бошад.

 

АврупоНавори ҒаззаСозмони МилалФаластинЮнисеф
Comments (0)
Add Comment