Генерали саҳюнистӣ: сарони Исроил дар фоҷеаи Ғазза ғарқ шудаанд

Исҳоқ Брик, генерали захираи артиши режими саҳюнистӣ дар изҳороте гуфт, ки сарони ин режим дар фоҷеаи Ғазза ғарқ шудаанд.

Исҳоқ Брик, генерали захираи артиши режими саҳюнистӣ дар изҳороте гуфт, ки сарони ин режим дар фоҷеаи Ғазза ғарқ шудаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Само Фаластин, Исҳоқ Брик афзуд: Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазир, Ювоу Галант, вазир ҷанг ва Ҳертзи Ҳолуи, раиси ситоди муштараки артиши (режими) Исроил дар фоҷеаи Ғазза ғарқ шудаанд ва мо ин афродро намебахшем.

Вай бо баёни инки дар ҳоле ки барои ин афрод равшан аст, ки нобудии Ҳамос маҳол аст ба ҷанг идома медиҳанд ва барои озодии гаравгонҳо талош намекунанд, гуфт: онҳо фақат ба хотири манофеи шахсии худашон ба ҷанг идома медиҳанд.

Генерали захираи артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин дар бораи амалиёти Ан-Насирот низ афзуд: ин амалиёт дар воқеияти айнӣ (режими) Исроил тағйире эҷод намекунад ва ба хотири бузургтарин шикасти сиёсӣ ва низомии Исроил, Нетаняҳу ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бояд ҳатман муҳокима шаванд.

Брик гуфт: ин афродро бояд як ҳафта зиндонӣ кард ва тасовири рубудашудагонро ҳам пеши чашмони онҳо қарор дод ва дар ин сурат аст, ки беҳтар иллати шикасти худро дарк хоҳанд кард.

Режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе дар идомаи ҷиноятҳои худ қатли оми ҳавлнокеро дар урдугоҳи Ан-Насирот дар маркази Навори Ғазза анҷом дод.

Дафтари иттилоърасонии давлатии Навори Ғазза дар ин бора эълон кард, ки шумораи шаҳидони ҷинояти ваҳшиёнаи ишғолгарон дар ин урдугоҳ то ин лаҳза ба 210 нафар расида ва шумораи маҷрӯҳон низ беш аз 400 нафар аст.

Артиши режими саҳюнистӣ зӯҳри шанбе муддаӣ шуд, ки дар амалиёти худ дар маркази урдугоҳи Ан-Насирот дар Навори Ғазза тавонистааст чаҳор асири саҳюнистро озод кунад ва онҳо дар вазъияти хубе ҳастанд.

Ан-НасиротҒаззаНасиротРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment