ЮНИСЕФ: Ҳаёти кӯдакон дар Ғазза пур аз даҳшат ва хушунат аст

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид бори дигар бо таъкид бар шароити ғамбори кӯдакон дар Навори Ғазза хостори барқарории оташбас дар ин борика шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Мумттаҳид, ЮНИСЕФ ҳушдор дод: “Кӯдакон дар Навори Ғазза дар шароити ғамбору пур аз хушунат, даҳшат ва ноамнӣ зиндагӣ мекунанд.”

Ин ниҳод дар шабакаи иҷтимоӣ Х навишт: “Кӯдакони Навори Ғазза ба ҷои онки ба мактаб бираванд дар ҳоли фирор аз хушунат ҳастанд. Онҳо ба ҷои онки ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон дар амният бихобанд дар чодарҳо зиндагӣ мекунанд ва ранҷ мекашанд. Онҳо ба ҷои онки аз шодӣ дар даврони кӯдакӣ лаззат бибаранд шоҳиди тарсу ваҳшат ҳастанд.”

Ин ниҳоди вобаста ба Созмони Милал бори дигари хостори барқарории оташбас, озодии асирон ва иҷоза додан ба вуруд бедуни мушкили кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза шуд.

Дафтари итилоърасонии давлати Ғазза, эълом кард, ки артиши ишғолгар ҳамлаи ваҳшиёнае алайҳи урдугоҳи Аннусайрот анҷом дода ва ғайринизомиёни фаластиниро ба сурати мустақим ҳадаф қарор додааст.

Бар асоси ин гузориш, режими саҳюнистӣ бо даҳҳо ҷанганда ва чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишин низ тӯпхонаҳои худ, хонаҳои истиқоматӣ дар урдугоҳи Аннусайрот ва маркази Навори Ғаззаро ҳадаф қарор дод ва мардуми бегуноҳи Фаластинро ба хоку хун кашид. Манобеи пизишкӣ аз шаҳодати 274 нафар ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо тани дигар тайи ин ҳамла хабар медиҳанд, ки  64 нафар кӯдак, 57 нафар зан ва 37 нафар ҳам миронсол мебошанд.

ҒаззаИсроилкӯдакРежими саҳюнистӣСММФаластинЮнисеф
Comments (0)
Add Comment