Паёмадҳои қарор гирифтан дар феҳрасти сиёҳи Созмони Милал барои Телавив

Қарор гирифтани режими саҳюнистӣ дар феҳрасти сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ хатароти умдае барои ин режим дорад, ки расонаҳои саҳюнистӣ билофосила ба ин мавзӯъ пардохтаанд.

Пойгоҳи хабарии рӯзномаи саҳюнистии Едиот Аҳаронот дар гузорише билофосила пас аз интишори ахбори марбут ба қарор гирифтани расмии режими саҳюнистӣ дар феҳрасти режимҳои кӯдаккуши Созмони Милали Муттаҳид навишт, ки вазорати хориҷаи ин режим роҳкорҳои вокуниши эҳтимолӣ нисбат ба ин иқдоми Созмони Милалро баррасӣ мекунад.

Ин рӯзнома ба нақл аз манобеи масъул навиштааст, ки илҳоқи Телавив ба феҳрасти сиёҳи Созмони Милал бисёр хатарнок аст ва метавонад давлатҳои мухталифро ба мамнуъияти фурӯши таслиҳот ба режими саҳюнистӣ маҷбӯр кунад.

Сафири режими саҳюнистӣ дар Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки қарор гирифтани расмии артиши Исроил дар феҳрасти сиёҳи режимҳои қотили кӯдакон ба иттилои вай расонда шудааст.

Қарор гирифтани режими саҳюнистӣ дар феҳрасти сиёҳи Созмони Милал метавонад табаоти густурдае барои ин режим дошта бошад. Ин табаот метавонанд ба коҳиши эътибори байналмилалӣ, афзоиши фишорҳои дипломатик, таҳримҳои иқтисодӣ, норизоятии умумӣ ва афзоиши таҳдидоти амниятӣ мунҷар шаванд. Дар айни ҳол, ин вазъият метавонад фурсате барои дипломосӣ ва талош барои ҳаллу фасли мушкилот ва мунозиъоти мавҷуд низ бошад. Режими палид ва ҷинояткори Исроил наметавонад табаоти манфии ин вазъиятро коҳиш диҳад.

Артиши Исроил дар ҳамлаи ваҳшёна худ ба Навори Ғазза токунун беш аз 15 ҳазор кӯдаки фаластиниро ба шаҳодат расондааст, ки ҳудуди 40 дарсади маҷмӯъи шуҳадои фаластинро ташкил медиҳанд. Бар асоси оморҳои расмӣ бо гузашти беш аз 8 моҳ аз ҷанги Ғазза токунун беш аз 36 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расида ва болиғ бар 86 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд ва ҳудуди 70 дарсад аз зерсохтҳои ғайри низомии Ғазза шомили мактабҳо ва манозили маскунӣ ва истиқомаӣ ва бемористонҳо тахриб ва вайрон шудаанд.

Дар сутӯҳи дохилии ин режими ҷинояткор ва кӯдаккуш, тардиде нест, ки қарор гирифтани ин режим палид дар феҳрасти сиёҳи Созмони Милал, мавқеияти вазири дохилӣ ва кобинаи ӯро дар баробари мухолифонаш –, ки саъй дар барандозии ӯ ва ифротитарини кобинаи таърихи ин режим доранд – беш аз пеш тазъиф мекунад.

Ҳамзамон бо ташдиди баҳс ва муноқиша дар бораи қарор гирифтани режими “Исроил” дар феҳрасти сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид дар дохили ин режим, артиши режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба мактаби таҳти ҳимояти UNRWA дар урдугоҳи Аннасирот дар маркази борикаи Ғазза ва ба шаҳодат расондани беш аз 40 нафар аз ҷумла 14 кӯдак ва 9 зан, ҳамчунон ба ҷиноёти худ идома медиҳад.

Аз сӯи дигар ЮНИСЕФ (Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид) ҳам эълом кардааст, ки аз ҳар 10 кӯдак дар Ғазза, 9 нафар дар маърази суъи тағзияи шадид қарор доранд.

ЮНИСЕФ дар гузориши худ тасреҳ кардааст: “Авзоъ дар Навори Ғазза ба гунае аст, ки хонаводаҳо наметавонанд ниёзҳои ғизоии кӯдаконро таъмин кунанд. “ҳамчунин аз давлатҳои дигар хостааст гом‎ҳои ҷиддие барои ҷилавгирӣ аз суъи тағзияи кӯдакон бардоранд.

ИсроилНавори ҒаззаРежими саҳюнистӣСозмони МилалСозмони Милали МуттаҳидТелавивФаластинФаластинифеҳрасти сиёҳиЮнисеф
Comments (0)
Add Comment