Ҳамоми хун дар Ан-Насирот;  ривояти саҳнаҳои дилхарош аз ваҳшигарии саҳюнистҳо

Шоҳидони ҷинояти ваҳшиёнаи саҳюнистӣ дар урдугоҳи Ан-Насирот аз саҳнаҳои ҳамлаи ҷунуномези саҳюнистҳо ба ғайринизомиён ривоят кардаанд.

Шоҳидони ҷинояти ваҳшиёнае, ки артиши ишғолгари саҳюнистӣ дар урдугоҳи Ан-Насирот ба роҳ андохт, аз саҳнаҳои ҳамлаи ҷунуномези саҳюнистҳо ба ғайринизомиён сӯҳбат мекунанд; ҷое, ки миёни анбӯҳи тонкҳо ва бомбаборонҳо, оворагон ҳатто наметавонистанд фирор кунанд.

Артиши режими саҳюнистӣ дар идомаи ҷиноятҳои ваҳшиёнаи худ алайҳи ғайринизомиён бегуноҳ дар Навори Ғазза, ҳамлаи ҷунуномез ба урдугоҳи Ан-Насирот дар маркази Ғазза, ки аз ҳафтаи гузашта шоҳиди ҳамалоти девонавори ишғолгарон будааст, анҷом дод.

Тибқи охирин оморе, ки Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза ироа додааст, дар ин ҷинояти ҳавлнок дастикам 210 нафар шаҳид шуда ва беш аз 400 нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд.

Режими ишғолгар дар ҳоле урдугоҳи Ан-Насиротро ҳадафи ҳамалоти ваҳшиёнаи худ қарор додааст, ки ожонси имдод ва кори Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони Фаластини (Онруо) вижагиҳои ин урдугоҳро дар ихтиёри артиши саҳюнистӣ қарор дода буд, то ишғолгарон ба онҷо ҳамла накунанд.

Оворагоне, ки дар урдугоҳи Ан-Насирот паноҳ гирифта буданд, дар ҷараёни ҳамалоти ҷунуномези режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Ғазза борҳо овора шудаанд ва ағлаби онҳо аз урдугоҳ Бриҷ фирор карда буданд.

Ишғолгарони урдугоҳи оворагонро ба минтақаи ҷангӣ табдил карданд

Шоҳидони айнии ҷинояти нави ишғолгарон дар урдугоҳи Ан-Насирот мегӯяанд: «ҳамзамон бо бомбаборони ҳавоӣ ва ҳамалоти тӯпхонаии артиши ишғолгар ва вуруди низомиёни саҳюнист ба дохили урдугоҳ, иттифоқе ваҳшатнок, ки оворагон шоҳиди он буданд рух дод ва ин урдугоҳ табдил ба минтақаи ҷангӣ шуд.

Рӯзномаи қатари Ал-Араби Ал-Ҷадид дар гузориши мустанад аз ҷинояти ваҳшиёнае, ки артиши режими саҳюнистӣ дар урдугоҳи Ан-Насирот анҷом дода буд, бо шуморе аз шоҳидони айнии ин ҷиноят, ки ба муддати ду соат тӯл кашид, гуфтугӯ кард.

Муҳаммад Мансур, аз оворагони фаластинӣ дар урдугоҳи Ан-Насирот дар ин замина гуфт: ҳамлаи ваҳшиёнаи артиши душман ба урдугоҳ бо бомбаборони минтақаи шимоли ғарбии он оғоз шуд ва ҳамзамон бо он куодкуптерҳои артиши ишғолгар шурӯъ ба парвоз дар иртифои поин карданд. Куодкуптерҳо канори ҷангандаҳои артиши саҳюнистӣ ба шиддат машғули ҳамла ба урдугоҳ буданд.

Вай афзуд: баъд аз он ахборе дар бораи амалиёти фуруд дар минтақаи бемористон Авда мунташир шуд, ки сокинони урдугоҳи Ан-Насиротро ба ваҳшат андохт ва онҳо ба самти хиёбони аслӣ фирор карданд, аммо ҷангандаҳо ва куодкуптерҳои артиши режими саҳюнистӣ ҳамаи манотиқро ҳадаф қарор медоданд ва ҳамзамон бо он шоҳиди вуруди тонкҳои низомии душман будем, ки аз вуруди урдугоҳ Бриҷ дар маркази Ғазза ва аз хиёбони Авда ба самти шарқи урдугоҳи Ан-Насирот пешравӣ мекарданд.

Ин шаҳрванди овораи фаластинӣ илова кард: ҳамзмон бо бомбаборонҳои артиши режими саҳюнистӣ, тонкҳои ин артиш ҳам ба шакли ҷунуномез ҳамалоти худро аз вурудии шарқии урдугоҳи Ан-Насирот то саросари он густариш медоданд, дар ҳоле, ки даҳҳо ҷасад рӯи замин афтода буд. Кӯдакон бисёр ваҳшатзада буданд ва бархе аз онҳо аъзои хонаводаи худро дар ин ҷиноят аз даст доданд ва танҳо монданд.

Ҳамоми хун дар бозори урдугоҳи Ан-Насирот

Усома Матир, аз дигар шоҳидони айнии ин ҷинояти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар урдугоҳи Ан-Насирот ҳам гуфт: иртиботи ман бо хонаводаам дар ҳамон лаҳзаҳои аввал қатъ шуд, зеро теъдоде аз онҳо дар дохили урдугоҳ ва бархе дар бемористони Шуҳадои Ақсо ва бархе ҳам атрофи урдугоҳ гир афтода буданд.

Матир, ки як пизишк аст мегӯяд: бар асари ҳамалоти шадид ва бомбаборонҳои ваҳшиёнае, ки артиши душман анҷом дод, бозори урдугоҳи Ан-Насирот дучори оташсӯзии шадид шуд ва даҳҳо шаҳид ва маҷрӯҳро дидам, ки рӯи замин афтода буданд. Бозори урдугоҳи Ан-Насирот як минтақаи бисёр пуриздиҳом аст ва рӯзона даҳҳо ҳазор нафар барои рафъи ниёзҳои худ ба онҷо муроҷиа мекунанд ва ҷинояти ваҳшатноке, ки дар ин бозор иттифоқ афтод, теъдоди зиёде аз ин мардумро таҳти таъсир қарор дод.

Наримон Абӯҷаҳл, дигар шаҳрванди овораи фаластинӣ ҳам дар ин бора гуфт: дар аввалин дақиқаҳои амалиёти низомии артиши режими ишғолгар, тонкҳои ин артиш ғайринизомиёни Фаластиниро дар наздикии урдугоҳи Ан-Насирот муҳосира карданд. Садоҳои даргирӣ ибтидо ҳикоят аз он дошт, ки ҳамалот дар минтақаи Дейрулбалҳ ба самти ҷануби Бриҷ ва Ан-Насирот дар ҳоли анҷом аст, аммо баъдан фаҳмидем, ки ҳамалоти ваҳшиёнаи душман шомили кулли минтақаи Ан-Насирот шудааст.

Вай тавзеҳ дод: тонкҳои артиши ишғолгар ба минтақаи хиёбони Абӯосӣ дар Бриҷ расиданд ва ғайринизомиёнро муҳосира карданд, баъд аз он куодкуптерҳои артиши режими ишғолгар ба самти ҳар касе, ки ҳаракат мекард, шиллик мекарданд, баъд аз он тонкҳоро дар минтақаи хиёбони Салоҳуддин дар маркази Навори Ғазза дидем ва ҳамзамон бо он низомиёни саҳюнист ба шакли ҷунуномез шурӯъ ба тирандозӣ ба самти ғайринизомиён карданд.

Саҳнаҳои дилхарош аз куштори фаластиниҳо тавассути артиши ишғолгари саҳюнистӣ

Фоди Зақут, яке дигар аз шоҳидони айнии ин ҷинояти ваҳшиёнаи душмани саҳюнистӣ бо ишора ба густардагии ҳамлаи ҷунуномези артиши ишғолгар ба урдугоҳи Ан-Насирот гуфт: ончи дар ин урдугоҳ иттифоқ афтод, намунае аз саҳнаҳои ҳавлноке аст, ки аз рӯзи қиёмат шунидаем. Ғайринизомиёни овора дар ин урдугоҳ миёни анбӯҳи тонкҳои артиши душман ҳатто наметавонистанд фирор кунанд ва ҷасадҳои шаҳидон ва ҳамчунин бисёре аз маҷрӯҳон барои муддати тӯлони рӯи замин монданд ва ҳеҷ василаи нақлияе барои интиқоли онҳо вуҷуд надошт.

Дигар шоҳидони айнии ин ҷинояти фаҷеъ гуфтанд: садоҳои тирандозӣ бисёр ғайриоддӣ буд ва аз ҳар тараф ба гӯш мерасид. Ишғолгарон ҳамзамон бо ҳадаф қарор додани сохтмонҳо дар урдугоҳи Ан-Насирот ба бозори ин урдугоҳ, ки як минтақаи бисёр пурҷамъият аст, ҳамла карданд.

Аз тарафи дигар як зани фаластинӣ, ки аъзои хонаводаи Ӯ дар ин ҷиноят девонавори режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расида буданд, дар ҳоле, ки гиряҳои ҳистрик мекард, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Ал-Қудс Ал-Арабӣ изҳор дошт: мо дар Ғазза мемонем. Режими ишғолгар аз мо чӣ мехоҳад? Онҳо мехоҳанд ҳамаи моро бикушанд, аммо ҳамаи мо ҳозирем ҷонамонро фидои Фаластин кунем.

Вай илова кард: мо ногаҳон дидем, ки урдугоҳи Ан-Насирот табдил ба як минтақаи ҷангии ваҳшатнок шуд ва ишғолгарон аз ҳама тараф ба урдугоҳ ҳамла мекарданд.

Ҳеҷ макони амне дар Ғазза вуҷуд надорад

Абдуллоҳодӣ Ҷабр, яке дигар аз оворагони фаластиние, ки шоҳиди ҷинояти сангдилонаи душман дар урдугоҳи Ан-Насирот буд мегӯяд: саҳнаҳои куштори мардум дар бозори урдугоҳи Ан-Насирот бисёр ваҳшатнок аст. Ишғолгарон дар як чашм бар ҳам задан ин бозори шулуғ ва пур аз ҷамъиятро бомбаборон карданд.

Вай гуфт: шароит дар урдугоҳи Ан-Насирот дар маркази Навори Ғазза бисёр фоҷиабор аст ва ҳамалоти душман ба ваҳшёнатарин шакли мумкин идома дорад.

Шаҳидон ва маҷрӯҳони ин ҷинояти зиддибашарии режими саҳюнистӣ дар урдугоҳи Ан-Насирот ба бемористони Шуҳадои Ал-Ақсо дар Дйрулбалҳ мунтақил шуданд ва теъдоди онҳо ба ҳадде зиёд буд, ки кодри дармони бемористон маҷбур шуданд, рӯи замин ва дар роҳравҳо ба онҳо расидагӣ кунанд.

Усома Каҳлут, рӯзноманигори аҳли Дерулбалҳ гуфт: дар бемористони Шуҳадои Ал-Ақсо шоҳиди саҳнаҳои охируззамонӣ ҳастем ва имрӯз як рӯзи сиёҳ барои минтақаи марказии Навори Ғазза буд.

Халил Дақрон, сухангӯи бемористони Шуҳадои Ал-Ақсо бо ибрози инки ин бемористон бисёр беш аз зарфияти худ барои ироаи хадамот ба мардум талош мекунад гуфт: баъд аз оворагии теъдоди зиёде аз фаластиниҳо аз устони Рафаҳ ва манотиқи мухталифи Навори Ғазза бемористони Шуҳадои Ал-Ақсо маҷбур аст ба беш аз як миллион нафар хадамот бидиҳад ва теъдоди зиёде аз шаҳрвандони фаластинӣ баъд аз инки артиши ишғолгар, маркази Ғаззаро минтақаи амн эълон карда буд, ба ин минтақа омадаанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ макони амне дар Ғазза вуҷуд надорад.

Ан-НасиротҒаззағайринизомӣҚудсРежими саҳюнистӣФаластинҷиноят
Comments (0)
Add Comment