Фоҷиаи инсонӣ дар бемористони Шуҳадои Ал-Ақсо ва Носир

Шароити фоҷиабори бемористонҳои Ғазза ва дар раъси он бемористонҳои Шуҳадои Ал-Ақсо ва Носир ба далели ҳамлаи хунини режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ан-Насирот.

Тимҳои имдодӣ ва кормандони дармон дар бемористонҳои Шуҳадои Ал-Ақсо ва Носир дар ҳоли дармони маҷрӯҳони зиёде ҳастанд, ки тайи бомбаборони даҳшатноки дирӯзи артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими палиди саҳюнистӣ осеб дидаанд. Бисёре аз ин маҷрӯҳонро занон ва кӯдакони мазлум ва бепаноҳи фаластинӣ ташкил медиҳанд. Самуэл Йохан, ҳамоҳанг кунандаи пизишкони бидуни марз дар Навори Ғазза дар ин бора ба расонаҳо гуфт: шароит дар бемористонҳои Шуҳадои Ал-Ақсо ва Носир фоҷиабор аст. Ба далели бомбаборони манотиқи пурҷамъият дар Навори Ғазза аз сӯи режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, талафоти сангине ба ғайри низомиён ворид шудааст.

Вай бо ишора ба набуди таҷҳизоти кофӣ дар бемористонҳои Навори Ғазза ба хусус дар Шуҳадои Ал-Ақсо ва Носир ба далели муҳосираи ин борика аз сӯи режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, хотир нишон кард: мизони муроҷиот фаротар аз тавони кодри дармонии ин бемористонҳо барои ироаи хадамот ба маҷрӯҳон ба вижа дар замони фуқдони имконоти лозим дар бемористонҳо аст.

Самуэл Йохан дар идома бо интиқоди шадид аз кишварҳои ғарбӣ ба далели сукут дар баробари ҷиноёти режими саффок ва хуношоми саҳюнистӣ дар наслкушии фаластиниён, афзуд: чӣ мизон бояд мардон, занон, ва кӯдакон дар ин ҷанг ба хок ва хун кашида шаванд то раҳбарони ҷаҳон тасмим бигиранд ба ин қатлиом поён бахшанд?

Дар ҳамин робита манобеи маҳаллӣ дирӯз эълом карданд тайи амалиёти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Ал-Насирот дасти кам 210 ғайри низомӣ ба шаҳодат расида ва беш аз 400 тан маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли бисёри аз онҳо вахим эълом шуда аст.

Гуфтнӣ аст; Дар ҳоле 246 рӯз аз ҷанг дар Навори Ғазза мегузарад, ки ишғолгарони саҳюнистӣ ҳамзамон бо идомаи ҳамалот алайҳи занон ва кӯдакони мазлум ва бе паноҳи Фаластин, монеъи вуруди кумакҳои башардӯстона аз ҷумла сӯхт мешаванд, ҷинояте, ки метавонад мунҷар ба фоҷиаи дигари инсонӣ дар Навори Ғазза шавад.

Дар ҳамин ҳол дафтари иттилоъ расонии давлати Навори Ғазза рӯзи ҷумъа бо судури баёнияе эълом кард, ки артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ аз замони оғози ҷанг дар минтақаи Навори Ғазза беш аз 15517 кӯдаки фаластиниро ба шаҳодат расондааст.

Дар натиҷаи ин ҷанг, беш аз 17 ҳазор кӯдаки фаластинӣ яке аз волидайн ё ҳар дуи онҳоро аз даст додаанд.

Ин баёния таъкид кардааст, ки 3500 кӯдаки фаластинӣ ба иллати суъи тағзия ё камбуди манобеи ғизоии ношӣ аз ҷанг бо марг дасту панҷа нарм мекунанд. Токунун даҳҳо кӯдаки фаластинӣ дар натиҷаи суъи тағзия ва хушкии бадан ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси охирин омори вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза, ки рӯзи ҷумъа эълом шуд, омори шуҳадои Навори Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 ва ҳамзамон бо оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ба 36 ҳазор ва 731 нафар ва омори маҷрӯҳони ин ҷанги бераҳмона ба 83 ҳазор ва 530 нафар афзоиш ёфтааст.

Бо гузашти 246 рӯз аз оғози ҳамалоти ваҳшиёна ва девонавори режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, низомиёни ишғолгар ҳамчунон ҷиноят мекунанд ва дар ҳоли халқ як фоҷиаи дигар дар шаҳри «Рафаҳ» дар ҷануби Навори Ғазза ҳастанд.

Режими хуношом ва кӯадаккуши саҳюнистӣ ҳамчунон ба куштор ва ҳамалоти худ дар Навори Ғазза бо тамаркуз бар шаҳри Рафаҳ идома медиҳанд ва ҳамалоти ҳавоӣ ва тупхонаи ба шаҳри пур аз ҷамъият, ки тақрибан ҳамаи онҳо занон ва кӯдакони бегуноҳ ҳастанд идома медиҳад.

Ан-НасиротНавори ҒаззаНосирРафаҳРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣТӯфони Ал-АқсоШуҳадои Ал-Ақсо
Comments (0)
Add Comment