Ибрози таассуфи Поп аз идомаи наслкушии Исроил дар Ғазза

Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар суханоне нисбат ба идомаи наслкушии Исроил дар Навори Ғазза ибрози таассуф кард.

Ба гузориши Русия Ал-Явм, Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон таассуфи худро ба хотири нафрате, ки ҷанги Ғазза дар байни наслҳои оянда эҷод мекунад, иброз кард ва хостори оташбас, озодии гаравгонҳо дар Навори Ғазза ва кумакрасонӣ ба Фаластиниён шуд.

Попи Франсис гуфт: ҳамаи ин ранҷҳо ва хушунате, ки эҷод мекунад ва нафрате, ки дар даруни наслҳои оянда мекорад, бояд моро мутақоид кунад, ки ҳар ҷанге ҷаҳонро бадтар аз қабл мекунад.

Попи Франсис ин суханонро ба муносибати даҳумин солгарди тарҳи сулҳе баён кард, ки аз сӯи Шимон Перес, нахуствазири вақти режими саҳюнистӣ ва Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин пазируфта шуда буд.

Поп дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт: ман ҳар рӯз дуо мекунам, ки ин ҷанг саранҷом поён ёбад. Ман ба тамоми касоне, ки дар Исроил ва Фаластин ранҷ мебаранд, масеҳиён, яҳудиён ва мусулмонон фикр мекунам.

Вай афзуд: фикр мекунам бояд аз зери овори Ғазза тасмиме барои хомӯш кардани аслиҳаҳо гирифта шавад ва ба ҳамин далел хостори оташбас ҳастам. Ба озодии ҳар чӣ сареътар гаравгонҳо фикр мекунам ва ба мардуми Фаластин фикр мекунам ва хостори ҳимоят аз онҳо ҳастам то кумакҳои башардӯстона мавриди ниёзашон ба дасташон бирасад.

Попи Франсис таъкид кард, ки ҳамаи мо мулзам ба талош ва тааҳҳуд барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор ҳастем, ки дар он кишвари Фаластин ва Исроил битавонанд бо фурӯрехтани деворҳои хусумат ва нафрат дар канори якдигар зиндагӣ кунанд.

Попи Франсис дар поёни суханони худ гуфт: ҳамаи мо бояд муроқиби Қудс бошем то шоҳиди бархурди бародаронаи масеҳиён, яҳудиён ва мусулмонон бошад.

ҒаззаИсроилҚудсНавори ҒаззаПопПопи Франсис
Comments (0)
Add Comment