Ал-Азҳар: Сукути ҷаҳон дар баробари фасоди густардаи саҳюнистҳо ҷоиз нест

Маркази исломии Ал-Азҳари Миср дар вокуниш ба куштори садҳо фаластинӣ дар Аннасироти Навори Ғазза, ки рӯзи гузашта аз сӯи режими ғосиби Исроил анҷом шуд, эълом кард: сукути ҷаҳон дар баробари фасоди густурдаи саҳюнистҳо ҷоиз нест ва ин ҷиноят лаккаи нанге барои башарият аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоъ расонии Ал-Азҳари Миср, ин марказ, ки муҳиммтарин ниҳоди исломӣ дар ин кишвар ба шумор меравад бомдоди имрӯз якшанбе, дар вокуниш ба қатли ом ва куштори Фаластиниён дар урдугоҳи Аннасироти Навори Ғазза баёнияе содир кард.

Ал-Азҳар дар баёнияи худ, қатли омми даҳҳо нафар аз Фаластиниёни ғайри низомӣ дар Аннасиротро ҷинояти ваҳшёна донист ва гуфт, ки террористҳои исроилӣ бар рӯи замин фасод ва зулми густурда муртакиб шудаанд.

Ин маркази исломӣ дар баёнияи худ овард: кушторе, ки беш аз дивист қурбонӣ ва садҳо захмӣ дар пай дошт, ҷинояти ҷадиде аст, ки ба корномаи сиёҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар қиболи Фаластиниҳои соҳиби замин изофа мешавад ва таъкиди барои ҷаҳониён аст, ки онҳо дар ҳоли иртикоби наслкушӣ бар рӯи замини Фаластин ҳастанд.

Ал-Азҳар зимни маҳкумияти ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, аз ҷомеаи байналмилалӣ ва соҳибони виҷдони озод хостааст хунрезӣ дар Ғаззаро мутаваққиф ва ба ҳимоят аз ғайри низомиён аамми аз зан ва кӯдак ва пир иқдом кунанд ва режими саҳюнистиро ба хотир нақзи қавонин ва маншурҳои байналмилалӣ муҷозот карда, дар қиболи ҷиноятҳои террористҳои саҳюнистӣ, ки фасодро бар рӯи замин густариш додаанд ва лаккаи нанге бар пешонии башарият нишондаанд, сукут накунанд.

Ин маркази исломии Миср, шароити буҳронӣ ва ғайри инсонӣ дар Ғаззаро маълули ҳимоятҳои бархе аз режимҳо донист ва гуфт: Ғазза бо ҳимояти бархе режимҳо ва давлатҳо мавриди наслкушӣ қарор мегирад ва ҷиноятҳои саҳюнистҳо лаккаи нанги башарият аст.

Режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе дар идомаи ҷиноятҳои худ қатли омми ҳавлнокеро дар урдугоҳи Аннасирот дар маркази Навори Ғазза анҷом дод.

Дафтари иттилоърасонии давлати Навори Ғазза дар ин бора эълом кард, ки шумори шуҳадои ҷинояти ваҳшиёнаи ишғолгарон дар ин урдугоҳ то ин лаҳза ба 210 нафар расида ва шумори маҷрӯҳон низ беш аз 400 нафар аст.

Артиши режими саҳюнистӣ зӯҳри шанбе, муддаӣ шуд, ки дар амалиёти худ дар маркази урдугоҳи Аннасирот дар Навори Ғазза тавонистааст чаҳор асири саҳюнистиро озод кунад ва онҳо дар вазъияти хубе ҳастанд.

Ал-азҳарАннасиротМисрНавори Ғаззасаҳюнистӣсаҳюнистҳо
Comments (0)
Add Comment