Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз шомил шудани “Исроил” ба феҳрасти сиёҳи СММ истиқбол кард

Созмони Ҳамкории Исломӣ аз тасмими Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар қарор додани номи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар феҳрасти сиёҳи ин Созмон истиқбол кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ имрӯз шанбе дар баёнияе бо маҳкӯмияти ҳадаф қарор додани як мадрасаи вобаста ба Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинии УНРВА (UNRWA) дар борикаи Ғазза тавассути режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ки ба шаҳодати дастикам 40 нафар анҷомид, аз қарор додани номи ин режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар феҳрасти нангин ва сиёҳи ноқизони ҳуқуқи кӯдак истиқбол кард.

Пеш аз ин низ “Иззат Ашроқӣ” узви дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) таъкид кард, ки қарор гирифтани номи режими саҳюнистӣ дар феҳрасти сиёҳи Созмони Милал ба далели куштори кӯдакон, “Бенямин Нетанияҳу” нахуствазир, артиш ва Кабинаи ин режимро хашмгин ва девона кардааст.

Иззат Ашроқӣ хотир нишон кард, ки режими саҳюнистӣ, тард шуда ва таҳти таъқиб ва пайгарди додгоҳҳои байналмилалӣ аст.

Артиши режими палид ва кӯдаккуши Исроил дар ҳамлаи ваҳшиёнаи худ ба борикаи Ғазза токунӯн беш аз 15 ҳазор кӯдаки фаластиниро ба шаҳодат расонидааст, ки ҳудӯди 40 дарсади маҷмӯи шуҳадои Фаластинро ташкил медиҳанд.

ИсроилСозмони МилалСозмони Ҳамкории ИсломӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment