Исроил дар феҳрасти сиёҳи Созмони Милал қарор гирифт

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид тасмими худ барои қарор додани Исроил дар феҳрасти сиёҳи кишварҳое, ки ба кӯдакон дар манотиқи даргирӣ осеб мезанандро ба ин режим эълом кардааст.

Гилад Эрдан, намоянда Исроил дар Созмони Милал бо таъйиди ин мавзӯъ гуфт, ки Антонио Гутерриш, ин тасмимро ба иттилои вай расондааст.

Гилад Эрдан аз ин тасмим, ки ба далели латмоти Исроил ба кӯдакон дар ҷанги Ғазза ворид шуда интиқод кард ва онро «шармовар» хонд.

Ҳамос пеш аз ин ба муносибати рӯзи ҷаҳонии кӯдакони қурбонии хушунат аз Созмони Милал хоста буд Исроилро дар феҳрасти сиёҳи ноқизони ҳуқуқи кӯдакон қарор диҳад.

Ҳамос таъкид кард: тадовуми сукут ва нотавонии байналмилалӣ дар ҷурмангории ҷиноёти ишғолгарон ва таҷовузоти рӯзафзуни онҳо дар ҳаққи кӯдакони фаластинӣ, лаккаи нанге бар пешонии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Вазорати беҳдошти Ғазза дар ҷадидтарин омори худ эълом кард дар натиҷаи ҳамалоти маргбор ва вайронгари артиши Исроил ба Ғазза аз 7 октябр ба баъд 35 ҳазор ва 550 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 82 ҳазор ва 959 нафар захмӣ шудаанд, ки бештари онҳоро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд.

Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири ҷинояткори Исроил дар посух ба тасмими Антонио Гутерриш, гуфт, ки Созмони Милал худро дар «феҳрасти сиёҳи таърих» қарор додааст. Вай муддаӣ шуд, ки артиши Исроил «ахлоқитарин артиши дунё» аст.

Бенёмин Нетаняҳу гуфт: «Имрӯз Созмони Милал бо мулҳақ шудан ба касоне, ки аз қотилони Ҳамос ҳимоят мекунанд худашро дар феҳрасти сиёҳи таърих қарор додааст. Артиши Исроил ахлоқитарин артиши дунё аст ва ҳеҷ тасмими ғайр ақлонӣ аз сӯи Созмони Милал наметавонад ин мавзӯъро тағйир диҳад.»

Чӣ кишварҳо ва Созмонҳое дар ин феҳраст қарор доранд?

Феҳрасти кишварҳо ва созмонҳое, ки дар манотиқи даргирӣ ба кӯдакон осеб мерасонанд ҳар сола мунташир мешавад. Ин гузориш тавассути «намояндаи вижаи Созмони Милал барои кӯдакон ва даргириҳои мусаллаҳона» таҳия мешавад.

Соли гузашта номи кишварҳои Афғонистон, Колумбия, Конго, Ироқ, Молӣ, Миёнмор, Сомалӣ, Судон, Яман ва Сурия дар ин феҳраст қарор гирифта буданд. Созмонҳои монанди Ал-Қоида, ДИИШ, Аш-Шабоб ва Букуҳаром низ дар ин феҳраст қарор дода шудаанд. Як тағйири умда дар соли гузашта изофа шудани неруҳои мусаллаҳи Русия ба ин феҳрист сиёҳ буд.

Манобеи исроилӣ гуфтаанд Антонио Гутерриш, дар гузориши ҷадид ба сурати сареҳ аз Исроил ё артиши он ном нахоҳад бурд ва танҳо номи «неруҳои амниятии Исроил»-ро ба феҳраст изофа хоҳад кард.

То кунун, фасле аз ин гузориш ба мавзӯъи Исроил ва Фаластин ихтисос дода мешуд, аммо номи режим ҳаргиз дар феҳрасти сиёҳи мазкур гунҷонда нашуда буд.

Антонио ГутерришБенёмин НетаняҳуҒаззаИсроилСозмони МилалФаластинфеҳраст
Comments (0)
Add Comment