Интизори корбарони интернет барои боздошти Нетаняҳу

Корбарони англисизабони Х бо интишори тасовир ва навиштаҳое, нисбат ба иҷроӣ шудани тасмими боздошти Нетаняҳу ибрози умедворӣ кардаанд.

Аз дархости додситони кулли «додгоҳи кайфарии байналмилалӣ» мабнӣ бар боздошти Нетаняҳу, корбарони англисизабони Х бо интишори тасовир ва навиштаҳое, нисбат ба иҷроӣ шудани ин тасмим ибрози умедворӣ карданд.

Рӯзи душанбе 20-уми май Каримхон, додситони кулли «додгоҳи кайфарии байналмилалӣ» (ICC) дархосте барои судури ҳукми боздошти Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазир ва «Юоф Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ироа карда ва эълон кард, ки ин тасмим ба хотири куштори фаластиниҳо, эҷоди гуруснагӣ ба унвони равише барои ҷанг, ҷилавгирӣ аз расидани кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза ва ҳадаф қарор додани амдии ғайринизомиён гирифта шудааст.

Гуфта мешавад дар сурате, ки се қозии додгоҳи кайфарии байналмилалӣ бо судури ҳукми боздошти нахуствазир ва вазири ҷанги режими саҳюнистӣ мувофиқат кунанд, онҳо аз сафар ба 124 кишвари ҷаҳон маҳрум хоҳанд шуд.

Пас аз интишори ин хабар, мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои аврупоии шомили Олмон, Фаронса, Белгия, Эслования ва ғайра бо таъкид бар инки ҳеҷ касе фаротар аз қонун нест, аз пойбандии кишвари худ ба тасмими додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ва боздошти нахуствазири режими саҳюнистӣ дар сурати ниҳоӣ шудани ҳукм, хабар доданд.

Дар ин миён мавҷе аз истиқбол ва хушнудӣ аз тасмими додситони кулли додгоҳи Гаага дар миёни корбарони шабакаи иҷтимоии Х ба роҳ афтодааст. Онҳо зимни маҳкум кардани ҷиноятҳои нахуствазири режими саҳюнистӣ тайи ҳудуди ҳашт моҳи ахир дар Навори Ғазза, Амрикоро ба унвони бузургтарин ҳомии режим ба чолиш кашиданд ва Вашингтонро дар ин наслкушии шарики Телавив донистанд.

Корбаре бо истиқбол аз хабари ҳукми боздошти Нетаняҳу, акси фотошопшударо, ки дар он чанд маъмур ба Нетаняҳу дастбанд задаанд, мунташир кард ва навишт: «ба зудӣ».

Корбари дигари Нетаняҳуро бо либоси қирмиз, ки зиндониён бар тан мекунанд, ба тасвир кашидааст, ки 2 маъмур ӯро занҷиршуда ба додгоҳ мебаранд ва рӯи тасвир навиштааст: мо ҳама мунтазири фаро расидани ин рӯз ҳастем.

Дар матлаби мушобеҳи қалиҳо, корбари дигаре нахуствазири режими саҳюнистиро ба хотири қатл ва шиканҷаи мардон, занон, кӯдакон ва навзодони фаластинӣ, «таҳти таъқиб» хондааст. Дар матни ин матлаб низ омадааст: Нетаняҳу ҷинояткори ҷангӣ аст ва бояд муҳокима шавад.

Бархе аз корбарон низ ба ҳимояти Амрико аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ишора карданд ва истодагии давлати Байден муқобили ҳукми додгоҳи Гаага барои боздошти Нетаняҳуро ба боди интиқод гирифтанд.

Корбари дигаре дар бораи нақши Амрико дар наслкушии саҳюнистҳо дар Навори Ғазза ин матлабро нашр кардааст «шарики ҷурм ба маънои воқеии калима».

Соро, муфассири мустақили геополотикаи лубнонӣ низ дар матлаби тасвирӣ ба иқдоми вазири собиқи ҳуқуқи иҷтимоии Испания ишора мекунад, ки вай хостори муҳокимаи Нетаняҳу дар додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ва эъмоли таҳримҳо алайҳи режими саҳюнистӣ шуда ва навиштааст: ҷаҳон аз инки чигуна Исроил ва Амрико иҷозаи наслкушӣ дар Ғаззаро доранд, ҳаросон аст.

Корбари дигаре, ки сафҳаи худ дар Х, худро донишҷӯи докторӣ ва корофарин муаррифӣ кардааст, бо интишори як акс, ки сардаргумӣ ва калофагии Нетаняҳуро ба тасвир мекашд ва рӯи он навишта шуда «Амрико дар талош аст, то монеи боздошти Нетаняҳу аз сӯи додгоҳи кайфари байналмилалӣ шавад», таъкид кард: фавран боздошташ кунед.

Корбари дигаре эътиёди Амрико ба таҳрим ва таҳдиди мақомоти ин кишвар мабнӣ бар таҳрими додгоҳи кайфарии байналмилалиро бо як корикотур ба тасвир кашидааст; тасвире, ки Чин ва Русия, Амрикои беморро барои мудово ба сӯи омбулонс мекашонанд ва Амрико ҳамчунон шиори «таҳрим», «таҳрим»… сар медиҳад.

Бисёре аз корбарон хостори иқтидори додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ва адами дахолати Амрико дар тасмимҳои он шуда ва мӯътақиданд, ки ҷаҳон аз ҷумла Амрико бояд ба ин тасмимҳо эҳтиром бигузорад.

Корбари дигаре таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида бояд дар канори инсоният беистад ва дар тасмими додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дахолат накунад. Дар аксе, ки ин корбар аз Байден ва Нетаняҳу интишор додааст, нигоҳи нигарони онҳо барҷастагӣ дорад.

Корбарони дигар низ аз фишори Амрико бар додгоҳи Гаага сухан мегӯянд ва бар зарурати ҳифзи иқтидори ин ниҳоди кайфарӣ таъкид мекунанд.

Корбари дигаре ин пурсишро матраҳ мекунад, ки «чаро онҳо то ба ин ҳад дар талош барои фишор бар додгоҳи кайфарии байналмилалӣ фишор баромадаанд?» Ва идома медиҳад: онҳо медонанд, ки ҷинояткор ҳастанд.

Корбари дигаре ки, ки худро нависандаи ду китоб муаррифӣ мекунад, ки китоби дувуми Ӯ «ҳамаи зеҳнҳо баробар ҳастанд» ном дорад, бар ҳифзи иқтидори додгоҳ таъкид мекунад. Ӯ мӯътақид аст, ки нодида гирифтани ҷиноятҳои воқеан ҳавлноки Нетаняҳу дар Ғазза он ҳам пас аз судури ҳукми боздошти Путин, иқтидори додгоҳи кайфарии байналмилалиро тазъиф хоҳад кард.

боздошти НетаняҳуҒаззаинтернетнаслкушӣНетаняҳусаҳюнистӣФаластиншабакаи иҷтимоӣ
Comments (0)
Add Comment