Шикасти Исроил дар Ғазза ба ривояти саҳюнистҳо ва ғарбиҳо

Режими саҳюнистӣ бо гузашти 8 моҳ аз ҷанг алайҳи Ғазза ба ҳеҷ кадом аз аҳдофи низомии худ даст наёфта аст. Мақомоти саҳюнист низ ба ин мавзуъ изъон доранд.

Режими саҳюнистӣ бо гузашти 8 моҳ аз ҷанг алайҳи Ғазза ба ҳеҷ кадом аз аҳдофи низомии худ даст наёфта аст. Мақомоти саҳюнист низ ба ин мавзуъ изъон доранд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон тайи суханоне ба муносибати 35-умин солрӯзи реҳлати Имом Хумайнӣ (рҳ) ба Тӯфони Ақсо ва шикасти саҳюнистҳо дар Ғазза ишора кард. Раҳбари ҶИЭ бо таъкид бар шикасти саҳюнистҳо дар ҷанги Ғазза изҳор дошт: «Фаластиниҳо дар моҷарои Тӯфони Ақсо вориди майдон шуданд, амал карданд, иқдом карданд ва душманро дар кунҷи майдоне қарор доданд, ки ҳеҷ роҳи фирорӣ ва василаи наҷоте барояш вуҷуд надорад. Бале, Амрико аз режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунад, бисёре аз давлатҳои ғарбӣ ҳимоят мекунанд аммо ҳама ҳам эътироф мекунанд ва қабул доранд, ки шароите, ки барои ҳукумати саҳюнист ба вуҷуд омадааст, шароите аст, ки роҳи наҷоте барои он режим вуҷуд надорад.»

Дар ин навишта ба таври хулоса изҳори назари шуморе аз мақомоти ғарбӣ ва саҳюнистӣ дар бораи шикасти Телавив дар ҷанги Ғазза дар се сатҳи дохилӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ баён мешавад.

  1. Шикаст дар сатҳи дохилӣ

Бештарин паёмадҳои ҷанги Ғазза барои режими саҳюнистӣ тайи 8 моҳи гузашта дар буъди дохилӣ буд. Бархе аз ин паёмадҳо иборатанд аз:

– Нокомии режими саҳюнистӣ дар дастёбӣ ба аҳдофи низомӣ

Бо гузашти 8 моҳ аз ҷанг алайҳи Ғазза, режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ кадом аз аҳдофи низомии худ даст наёфтааст. Мақомоти саҳюнист низ ба ин мавзуъ эътироф кардаанд.

Ҳойим Ромун, вазири собиқи додгустарии режими саҳюнистӣ гуфт: «аҳдофи ҷанг муҳаққақ нашудааст ва раиси ситоди артиш бояд истеъфо кунад.» Вай эътироф кард: «ҷанг дар Ғазза бо шикасти роҳбурдии Исроил ҳамроҳ аст.»

Шабакаи Кони режими саҳюнистӣ низ ба нақл аз Олун Довиди, шаҳрдори Сидирут эълон кард: «мо хаста ва дарҳам шикаста ҳастем ва нахуствазир ваъда медиҳад ва ба он амал намекунад.»

Нию-йорк Таймз низ аз қавли фармондеҳони режими саҳюнистӣ навиштааст, ки ин ҷанг ғайриқобили пирӯзӣ аст.

Олун ибни Дейвид, таҳлилгари низомии рӯзномаи ибризабони Маориу гуфтааст, ки артиши режими саҳюнистӣ пас аз 8 моҳ ҷанги шадид хаста аст. Ибни Дейвид таъкид кард, ки ба рағми дастовардҳои тактикии артиш дар майдони набард, кобинаи ҷанг ва ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ дар таҳаққуқи аҳдофи ҷанг муфтазеҳона шикаст хӯрданд ва ин режим акнун дар остонаи шикасти стратегӣ қарор дорад.

– Мавҷудияти режими саҳюнистӣ ба хатар афтодааст

Яке дигар аз паёмадҳои муҳими Тӯфони Ақсо ва ҷанг дар Ғазза ин аст, ки мавҷудияти режими саҳюнистӣ тазъиф шуда ва таҳдиди вуҷудии ин режим афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки таҳдиди вуҷудӣ яке аз муҳимтарин таҳдидҳо ва нигарониҳои саҳюнистҳо аст.

Профессор Илон Папе, таърихдони барҷастаи исроилӣ ва устоди таърих ва мудири маркази аврупоии мутолиоти Фаластин дар Бритониё, дар изҳороте гуфт, ки «ҷанги ҷорӣ дар Ғазза хатарноктарин фасл дар «таърихи проекте аст, ки барои мавҷудияти худ меҷангад.»

– Ҳеҷ ҳадафи барои идомаи ҷанг вуҷуд надорад

Яке дигар аз шикастҳое, ки режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза мутаҳамил шуд, ин аст, ки дучори сардаргумӣ шуда ва фарсоишӣ шудани ҷанг низ бидуни ҳеҷ ҳадафе идома дорад. Оҳорун Заъифи, раиси собиқи Амон гуфт: «ҷанг дар Ғазза дар ҳоле аз 8 моҳи гузашта токунун идома дорад, ки Исроил ҳеҷ ҳадафи ниҳоӣ барои он таъйин накарда ва бинобарин артиш наметавонд бидуни инки аз ҳадафи ниҳоии ҷанг иттилоъ дошта бошад, ба ҷангидан идома диҳад.

– Афзоиши фишорҳои дарунӣ алайҳи Нетаняҳу

Яке дигар аз паёмадҳои ҷанг алайҳи Ғазза ин буд, ки шикофҳои сиёсӣ дар даруни заминҳои ишғолӣ ба хусус фишорҳо алайҳи Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазирро ошкор карда ва афзоиш додааст. Ёъир Лопед, раиси ҷараёни опозисиони режими саҳюнистӣ дар ин таъкид кардааст, ки бо кушта шудани рӯзонаи низомиёни исроилӣ дар Ғазза, қотеона бо Нетаняҳу мухолиф ҳастем ва хостори таваққуфи ҷанг дар Ғазза то ҳаминҷо ҳастем. Ӯ изҳор дошт, ки Нетаняҳу тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳамлаи ҳафтуми октябр иттифоқ науфтодааст ва ин дар ҳоле аст, ки ин ҳамла дар давраи нахуствазирии Ӯ иттифоқ афтодааст.

  1. Шикаст дар сатҳи минтақаӣ

8 моҳ ҷанг алайҳи Ғазза барои режими саҳюнистӣ паёмадҳое ҳам дар сатҳи минтақаӣ доштааст, ки бархе аз ин паёмадҳо иборатанд аз:

– Мавқеияти Ҳамос дар Ғазза ҳамчунон пойдор аст

Яке аз муҳимтарин аҳдофи низомии режими саҳюнистӣ дар ҷанг алайҳи Ғазза, аз байн бурдани ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва ё тазъифи мавқеияти он дар борикаи Ғазза аст. Бо ин ҳол, 8 моҳ пас аз ин ҷанг ҳамчунон Ҳамос дар Ғазза ҳузур дорад ва бо режими саҳюнистӣ меҷангад.

Ҳойим Ромун, вазири собиқи додгустарии режими Исроил дар мақолае, ки дар рӯзномаи саҳюнистии Маориу нашр шуд, навишт ҷунбиши Ҳамос ҳамчунон дар Ғазза пойдор аст ва амалан тавонистааст қудрати низомии худро дар ҳар минтақае, ки неруҳои артиши Исроил аз он ақибнишинӣ кардаанд, бозёбӣ кунад.

Юси Милмон, низ дар таҳлиле барои рӯзномаи саҳюнистии Ҳооретс изъон кард, ки режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Ғазза, мутаҳаммили як шикасти таърихӣ шудааст, чароки террори фармондеҳони Ҳамос, муқовиматро аз байн намебарад, зеро ин ҷунбиш, реша дар ҷомеаи Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ, Ғазза, Лубнон ва Сурия дорад.

Томас Фридмен низ дар таҳлили навишт дидгоҳ ғолиб дар Амрико ва дар миёни артиши Исроил ин аст, ки Телавив бо шикаст додани Ҳамос фосила дорад. Фридмен ҳамчунин илова кард, ки гурӯҳи Ҳамос, ба рағми анҷоми ҳамалоти 7-и октябр ҷанги ривоятҳоро низ аз Исроил бурдааст.

Омус Ҳоръил, таҳлилгари умури низомии режими саҳюнистӣ эълон кард: Ҳамос натанҳо дар Ғазза шикаст нахӯрда, балки бо шикаст бегона аст.

Саид Зиёд, пажӯҳишгари умури сиёсӣ ва роҳбурдӣ низ баён кард: «тавоноии гурӯҳҳои муқовимат барои анҷоми амалиётҳои сангин, ки хисоратҳои густарда ба артиши Исроил ворид мекунад, ношӣ аз тавоноии ин гурӯҳҳо дар тағйири тактикҳои низомӣ аст, ки сабаб шудааст ишғолгарон қудрати кори иттилоотии худро аз даст бидиҳанд, зеро тактикҳои низомии гурӯҳҳои муқовимат ба суръат тағйир мекунад ва ҳамин масъала сабаб мешавад иттилооте, ки душман аз онҳо ба даст меоварад, корсоз набошад.»

– Тавофуқи Иброҳим дар маърази хатар қарор гирифт

Яке дигар аз паёмадҳои ҷанг алайҳи Ғазза ин аст, ки тавофуқи Иброҳим дар маърази хатар қарор гирифтааст. Пеш аз Тӯфони Ақсо, Арабистони Саудӣ ва режими саҳюнистӣ дар остонаи оддисозии равобит қарор гирифта буданд, аммо Тӯфони Ақсо ин равандро мутаваққиф кардааст.

Иҳуд Барак, нахуствазири собиқи Исроил дар ин бора навишт: «аз се моҳи пеш Нетонёҳу монеи баргузории музокирот дар кобина дар бораи рӯзи баъд аз ҷанг мешавад. Ин расвоӣ аст. Дар сояи набуди як ҳадафи воқеӣ дар ботлоқи Ғазза ғарқ мешавем. Дар айни ҳол низ дар Лубнон ва Каронаи Бохтарӣ меҷангем. Бо корҳое, ки мекунем боис мешавем ҳимояти Амрико аз мо ба поён бирасад. Тавофуқҳои Иброҳим ва тавофуқҳои сулҳ бо Миср ва Урдунро низ дар маърази хатар қарор медиҳем.»

– Тақвияти муқовимат

Яке дигар аз муҳимтарин паёмадҳои ҷанги Ғазза дар сатҳи минтақаӣ, тақвияти меҳвари муқовимат аст. Ҳизбуллоҳи Лубнон, гурӯҳҳои муқовимати Ироқ ва Яман аз ҷумлаи бозигарони муқовимат ҳастанд, ки дар ҷанги Ғазза, иқдоми низомӣ алайҳи саҳюнистҳо анҷом доданд.

Нашрияи амрикоии Foreign Affairs дар таҳлиле дар ин замина навишт: «ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар 7-и октябр нишондиҳандаи тавоноииҳо ва нуфузи ин меҳвар аст, ки фаротар аз сарзаминҳои фаластинӣ густариш ёфта ва Эрон, Ироқ, Лубнон, Сурия ва Яманро дар бар мегирад. Ин ҷанг боиси эҳёи меҳвари муқовимати минтақаӣ ба раҳбарии Эрон шудааст.»

Усома Холид, мутахассиси умури низомӣ ва амниятӣ мӯътақид аст: «илова бар докторини низомии муқовимат, ки сабаб шуд хисоратҳои амиқе ба низомиёни исроилӣ ворид шавад, гурӯҳҳои муқовимати Фаластин бахши лоҷестикии худро тақвият карда ва раванди пуштибонии размӣ аз неруҳоро дар майдон афзоиш додаанд ва ин ҳамон стратегияе аст, ки аз 24 соли гузашта тавассути муқовимати Фаластин гирифта шудааст.»

  1. Шикаст дар сатҳи ҷаҳонӣ

Ҷанги Ғазза илова бар паёмадҳое, ки дар сатҳи дохилӣ барои режими саҳюнистӣ дошта, дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ҳазинаи сангине бар ин режим таҳмил кардааст.

– Муттаҳидонамонро дар ҷаҳон аз даст додем

Яке аз паёмадҳои муҳими идомаи ҷанг алайҳи Ғазза ин аст, ки режими саҳюнистӣ бо фишорҳои густардаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуд. Дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳам қатъномаи зидди саҳюнистҳо тасвиб шуд ва ҳам тасвиби кишвари мустақилли Фаластин мавриди тасвиб қарор гирифт. Шуморе аз кишварҳо, ки раъйи мусбат алайҳи режими саҳюнистӣ доданд, пеш аз ин аз ҳомиёни режими саҳюнистӣ буданд. Дар ҳамин росто, Исҳоқ Брик, генерали аршади собиқи артиши режими саҳюнистӣ бо изъон ба шикасти ин режим дар муқобили Ҳамос, хитоб ба Нетаняҳу гуфт, ки шумо барои муддати тӯлонӣ наметавонед ба мардум дурӯғ бигӯед. Тақрибан ҷанг бо Ҳамосро ба шакли баде шикаст хӯрдем ва муттаҳидонамонро ҳам дар ҷаҳон аз даст додем.

Майк Милӣ, вазири дифои пешини Амрико ҳам баён кард, ки режими саҳюнистӣ бо аз даст додани ҳимояти байналмилалӣ, аз ҷиҳати роҳбурдӣ ҳазинаҳои ҳангуфтеро мутаҳаммил шудааст.

– Инзиҷори мардумӣ

Яке дигар аз паёмадҳои ҷанги Ғазза дар сатҳи ҷаҳонӣ, афзоиши инзиҷори мардумӣ аз режими ишғолгари Қудс аст. Хезиши донишҷӯёни амрикоӣ ва аврупоӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва баргузории тазоҳуроти чанд сад ҳазор нафарӣ дар ҳимоят аз Фаластин дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла нишонаҳои инзиҷори мардумӣ аз режими ишғолгари Қудс аст.

Данӣ Аёлун, муовини вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ эълон кардааст, ки донишгоҳҳо ба хатарноктарин макони ҷаҳон барои исроилиҳо табдил шудаанд. Вай дар сафар ба мадрасаи иқтисодии Лондон бо ҳамлаи гурӯҳҳои зидди саҳюнистӣ рӯбарӯ шуд. Ҳамчунин вазири улуми режими саҳюнистӣ дар Лондон ва сафирони ин режим дар Туркия ва Англис низ бо ҳамлаҳои мушобеҳи рӯбарӯ шуданд.

АмрикоҒаззаИсроилҚудсРежими саҳюнистӣТӯфони АқсоФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment