Хомӯштар аз ҷинояткор; замина гузоштан барои ҷиноятҳои минбаъдаи Исроил

Ҳукуматҳои араб бо сукути хиёнаткоронаи худ дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо дар ҳамла ба хаймаҳои ғайринизомиён дар Рафаҳ замина барои ҷиноятҳои навбатии ин режим омода мекунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳамлаи якшанбеи гузаштаи ҷангандаҳои Исроил ба маҳалли чодарҳои паноҳҷуён дар анборҳои Созмони UNRWA дар шаҳри Рафаҳ, боиси шаҳид шудани 45 фаластинии ғайринизомӣ шуд ва тасовири ваҳшатноке ба вуҷуд овард.

Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бо 7 мушак ин минтақа, ки тибқи эъломияҳои қаблии артиши Исроил минтақаи амн эълом шуда буд, мавриди ҳадаф қарор доданд. Дар пайи ин рӯйдод беш аз 45 фаластинии бегуноҳ аз ҷумла занону кӯдакон ба шаҳодат расиданд. Тасовире ки аз маҳалли ҳамлаи Исроил мунташир шуд, нишон медиҳад бештари шуҳадои ин ҳамлаи ҷинояткорона, ба далели оташ гирифтани чодарҳо зиндаи зинда дар оташ сӯхтанд.

Яке аз шоҳидон ба Ройтерс, гуфт: Мо дар вурудии хона нишаста будем. Ногаҳон садои мушакро шунидем сипас хиёбон пур аз дуд шуд. Ӯ ва дигарон як духтару як марди ҷавонро диданд, ки бар асари таркиш ба шаҳодат расида буданд.

Нетаняҳу: Ин як иштибоҳи стратежик буд

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ал-муғир, яке аз мақомҳои аршади ожонси дифои ғайринизомии Ғазза ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки неруҳои имдодии ин ожонс ҷасадҳои сӯхта ва аъзои тика-‎тика шуда ва ҳамчунин мавориди қатъи узв, кӯдакон, занону солмандони маҷрӯҳ шударо дидаанд.

Дар пайи ин иқдоми ваҳшиёнаи саҳюнистҳо, бисёре аз расонаҳои ҷаҳон интиқодҳои шадиде аз Исроил матраҳ карданд ва мақомоти режими саҳюнистӣ низ натавонистанд аз зери бори он шона холӣ кунанд. Бенямин Нетаняҳу, нахусти вазири режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ин рӯйдод эълом кард, ин як “иштибоҳи стратежик” будааст. Ҳамчунин артиши режими саҳюнистӣ низ эълом кард, неруҳои исроилӣ дучори иштибоҳ шудаанд ва парвандае барои таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса мекӯшояд.

Ин дар ҳолест, ки сарони кишварҳои арабӣ ҳануз ҳеҷ вокуниши ҷиддие нисбат ба ин иқдоми саҳюнистҳо нишон надодаанд. Танҳо Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия аз байни кишварҳои исломӣ ин иқдомро дар сатҳи раҳбарони аслии худ маҳкум карда ва хостори бархурди ҷиддӣ бо омилони он шуданд.

Дар ҳақиқат метавон гуфт, аз ҳайси ҷонибдорӣ аз ормони Фаластин бештари давлатҳои арабӣ, дар 7 моҳи гузашта сукути аҷибе пеша карда ва ҳеҷ вокуниши муҳимме нисбат ба иқдомоту ҷиноёти Исроил анҷом надодаанд. Метавон гуфт, вокуниши худи мақомоти саҳюнистӣ нисбат ба ин ҷиноятҳо бештар аз сарони давлатҳои арабӣ будааст.

Сукути хиёнаткоронаи кишварҳои арабӣ яке аз аслитарин ташвиқҳо барои режими саҳюнистӣ дар робита ба анҷоми ҷиноятҳои бештар будааст. Ба унвони мисол аз Арабистони Саудӣ ки муддаии хизмат ба ҳарамайни шарифайн (Макка ва Мдина) аст, интизор меравад, ки бо шадидтарин лаҳн ин ҳамларо маҳкум кунад ва иқдомоти Исроил дар ин 7 моҳро монеи ҳаргуна оддисозии эҳтимолии равобит дар оянда бо ин режим эълом кунад. Аммо Арабистон танҳо ба як баёнияи содае басанда кардааст.

Аммо натанҳо чунин шивае аз сӯи Риёз дар пеш гирифта нашуда, балки мавозеи ин кишвар дар тӯли 7 моҳе ки аз ҷанг гузашта, нишондиҳандаи алоқаи нисбии Арабистони Саудӣ барои оддисозии равобит пас аз поёни ҷанг ва дар баробари дарёфти имтиёзҳое аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.

Аз сӯи дигар ва эҳтимолан ба табаъият аз рӯйкарди Риёз, дигар кишварҳои арабӣ низ тақрибан ҳеҷ иқдоми ҷиддие алайҳи Исроил анҷом надодаанд. Масалан интизор мерафт кишварҳои Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Судон ва Марокаш, ки дар ҷараёни тавофуқи Иброҳим дар соли 2020 ба сурати расмӣ вориди фароянди оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ шуда буданд, ҳатто ҳозир нашудаанд сатҳи муносиботи худро бо Тел-Авив коҳиш диҳанд.

Сукути арабӣ–ҷинояти саҳюнистӣ

Аз ибтидои набарди Тӯфони Ақсо ва дар пайи ворид шудани як осеби ҷиддӣ ва тармимнопазир ба ҳайсияти Исроил ва тавони амниятии он, пур возеҳ буд, ки режими саҳюнистӣ дар пайи куштори васеи фаластиниён дар Навор Ғазза бархоҳад омад. Шаҳодати беш аз 36 ҳазор фаластинӣ дар Навори Ғазза, ки беш аз 1.5 дарсади кулли ҷамъияти ин борика аст ва низ захмӣ шудани беш аз 80 ҳазор тани дигар, ки 3.5 дарсади фаластиниёни Ғаззаро шомил мешавад нишон аз он дорад, ки Исроил сиёсати куштори васеи фаластиниён дар ҷанги Ғаззаро ба сурати огоҳона дар дастури кори худ қарор додааст.

Дар ин миён дар авҷи интиқодоти ҷаҳонӣ аз Тел-Авив ва иқдомоти ҷинояткоронаи артиши ин режим дар Ғазза, ки ҳатто садои созмонҳои байналмилалиро низ дароварда, сукути арабӣ ба маънои иҷозати ин давлатҳо ба саҳюнистҳо барои ҳамвор кардани масири пеши рӯяшон мебошад.

Давлатҳои арабӣ ҳатто ҳозир ба ворид шудан ба масири Туркия ва такрори рафтори мушобеҳи Раҷаб Тайиб Эрдуғон (ки борҳо мавзеи лафзии тунде алайҳи Исроил гирифт, вале дар амал тағйири хосеро иҷро накарда ва ё пас аз як давраи замонии коҳиши муносибот аз ҳаргуна фурсате барои беҳбуди равобит бо саҳюнистҳо истифода мекунад) низ нашудаанд.

Арабистони СаудӣҒаззаИсроилРафаҳРежими саҳюнистӣТуркияФаластинЭрон
Comments (0)
Add Comment