Раҳбари Ҳизби Коргарии Англис: Вазъият дар Ғазза ваҳшатнок аст

Раҳбари Ҳизби Коргарии Англис рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки вазъият дар Навори Ғазза ваҳшатнок буда ва Исроил набояд ба амалиёти худ дар Рафаҳ идома диҳад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Кайр Стармер, раҳбари Ҳизби Коргарии Англис рӯзи душанбе гуфт, ки вазъият дар Навори Ғазза ваҳшатнок буда ва Исроил набояд ба амалиёти низомии худ дар Рафаҳ идома диҳад.

Вай изофа кард: «Агар ба қудрат бирасем аввалавияти нахуст, талош барои оташбас дар Навори Ғазза ва поён додан ба иқдомоти хасмона аст».

Раҳбари Ҳизби Коргарӣ гуфт: «Чорае ҷуз дар пеш гирифтани раванди сиёсӣ барои барасмият шинохтани кишвари фаластинӣ набуда ва агар ба қудрат брсем бо ҳам паймонон дар ин бора баҳс хоҳем кард».

Кайр Стармер афзуд: «дар сурате, ки ба қудрат бирасем ба сурати қонунӣ баррасӣ хоҳем кард, ки оё Исроил аз таслиҳоти Англис дар Рафаҳ истифода кардааст ё хайр».

Бар асоси гузоришҳо, тайи 240 рӯз режими палиди саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза то кунун, 15 ҳазор ва 438 кӯдак ба шаҳодат расидаанд ва даҳҳо ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд ва ҳамчунин беш аз 17 ҳазор кӯдаки дигар падар ё модар ё ҳар ду волидайни худро аз даст додаанд.

 

АнглисНавори ҒаззаРафаҳсаҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment