Баргузории конфронси байналмилалии имом Хумайнӣ; Фаластин ва бедории исломӣ

Конфронси байналмилалии имом Хумайнӣ (рҳ), Фаластин ва бедории исломӣ шомгоҳи якшанбе бо ширкати андешамандоне аз кишварҳои мухталифи исломӣ ва арабӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор шуд.

Конфронси байналмилалии имом Хумайнӣ (рҳ), Фаластин ва бедори исломӣ шомгоҳи якшанбе бо ширкати андешамандоне аз кишварҳои мухталифи исломӣ ва арабӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон дар толори иҷлоси сарон дар Теҳрон баргузор шуд.

Пас аз пахши суруди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва тиловати оёте аз Қуръони Карим, Оятуллоҳ Ҳасани Ахтарӣ раиси кумитаи ҳимоят аз Инқилоби исломии мардуми Фаластин ниҳоди риёсатҷумҳурии исломӣ таъкид кард, ки имоми роҳил (рҳ) аз ҳамон оғози ҳаракати Инқилоби исломӣ, дар бораи хатари вуҷуди режими саҳюнистӣ барои уммати Ислом ва тамоми башарият ҳушдор медоданд.

Вай хотир нишон кард, ки имом Хумайнӣ (рҳ), аз ҳамон ибтидо ба ҳимоят аз Фаластин ва муқовимати Фаластин пардохтанд ва ҳатто фатво доданд, ки мусулмонон метавонанд кумакҳои худ монанди садақотро барои ҳимоят аз миллати Фаластин сарф кунанд.

Оятуллоҳ Ахтарӣ дар идома ба мавҷи фарогири ҳимоят аз мардуми Фаластин дар кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ ва ба таври хос дар ҷомеаи донишгоҳиёни Аврупо ва Амрико таъкид кард ин ки кишварҳои аврупоӣ ва Амрикоӣ ва ҷавонони онҳо ба ҳимоят аз мардуми Фаластин бархоста ва ин ҷавонон хостори қатъи кумак ба режими саҳюнистӣ мешаванд, ин барои бархе аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ, ки ба ин режими ҷинояткор кумак мекунанд, мояи нанг ва ъор аст.

Вай афзуд ин нанг аст барои кишварҳои арабӣ, ки бо Исроил ҳамчунон робита доранд, сафирони худро фаро нахонданд ва сафирони Исроилро ихроҷ накарданд.

Мустафо Ғуллум, андешаманди кувайтӣ дигар суханрони ин конфронс ба таҷлил аз мақоми шомихи имом Хумайнӣ (рҳ) ва ҳамчунин шаҳид Оятуллоҳ Иброҳими Раисӣ ва шаҳид Амир Абдуллҳиён пардохт.

Вай хотирнишон кард имом Хумайнӣ (рҳ), Ҷумҳурии Исломии Эронро бунён ниҳоданд, ки дилҳои ҳамаи озодагон ва мустазъафони ҷаҳон акнун ба сӯи он мутамоил аст ва муқовимат ва меҳвари муқовимат аз бузургтарин самароти он аст.

Ин андешаманди кувайтӣ бо баёни ин ки шоҳиди ваҳшиёнатарин ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин ҳастем, ба мардум ва муқовимати Фаластин ва ҳамаи шарофатмандоне, ки аз онҳо ҳимоят мекунанд, дуруд фиристод.

Вай ҳамчунин аз амалиёти Ваъдаи Содиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ ба некӣ ёд кард ва онро сабаби ором шудани дилҳои муъминон ва озодагони ҷаҳон донист.

Ин шахсияти кувайтӣ тасреҳ кард қатъан зулм пойдор нахоҳад монд ва ба зудӣ шоҳиди рақам хӯрдани пирӯзии миллат ва муқовимати Фаластин хоҳем буд.

Муфтии Русия ҳам дар суханоне таъкид кард, ки ҳимоят аз Фаластинро мояи ифтихори худ медонад ва низ ифтихор мекунад, ки бародарони фаластинӣ бо саҳюнизм меҷанганд.

Вай ҳамчунин бо таҷлил аз мақоми шомихи имом Хумайнӣ (рҳ) ва шаҳидони Оятуллоҳ Иброҳими Раисӣ ва шаҳид Амир Абдуллҳиён таъкид кард, ки мо ҳаргиз мазлумони фаластинӣ ва хунҳои поке, ки бар замин рехтаро фаромӯш нахоҳем кард.

Ҳамчунин дар ин конфронс клипҳое дар бораи Фаластин ва муқоқимат, баёноти раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон дар хусуси Фаластин ва муқовимат ва низ клипе дар бораи шаҳид Оятуллоҳ Иброҳими Раисӣ ва шаҳид Амир Абдуллҳиён ва нақши онҳо дар ҳимоят аз Фаластин ва муқовимат пахш шуд.

Иброҳими раисӣИмом ХумайнӣФаластинЭрон
Comments (0)
Add Comment