Дидори С. Муҳриддин бо раиси Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо раиси Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Рим дидору гуфтугу кард.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо раиси Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Рум дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши манбаъ: 

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Олвор Лоруӣ, раиси Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Рим дидор у гуфтугу кард.

Дар ин дидори раванди иҷрои барнома ва стратегияи давлатии Тоҷикистон дар заминаҳои кишоварзӣ ва амнияти ғизои мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди масоили марбут ба обу иқлим ва омодагӣ барои севумин конфаронси оби Душанбе гуфтугу карданд.

 Ҳамчунин дар хабарҳо омадааст:

Дар нишасти муштараки муовинони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни ду кишвар таъкид шуд.

Дар ин нишаст ибтидо аҳдофи сафари ҳайати эронӣ ба Тоҷикистон тавассути муовини об ва хоки Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ, ки дар ҷиҳати тақвияти ҳамкории ҳавзаҳои мухталифи бахши кишоварзӣ, шарҳу баён шуд.

Шаҳракӣ, зарфиятҳои бахши кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эронро баён карду гуфт: “Эрон омодагӣ дорад ба кишвари дӯсту бародари худ Тоҷикистон дар заминаҳои мухталифи бахши кишоварзӣ хадамоти фаннӣ ва муҳандесӣ ироа кунад.

Муқаррар шуд, ки пас аз ошноӣ аз зарфиятҳо ва ниёзҳои тарафайн, ба манзури идома ва тақвияти ҳамкории муштарак, тафоҳумномае баста шавад.

Дар поёни ин нишаст, бо таваҷҷуҳ ба эъломи омодагии тарафи Тоҷикистони муқаррар шуд аз ҷониби муовинати об ва хоки Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон даъвати расмӣ аз муовинони вазири Тоҷикистон барои ошноӣ аз зарфиятҳои бахши об ва кишоварзӣ ва боздид аз корхонаҷоти тавлидкунандаи таҷҳизоти обёрӣ ва кишоварзӣ ба амал ояд.

 

кишоварзӣОлвор ЛоруӣСироҷиддин Муҳриддин
Comments (0)
Add Comment