Тарҳи нави саҳюнистҳо барои оташбас дар Ғазза ва истиқболи Ҳамос

Раисҷумҳури Амрико ҷузъиёти тарҳи оташбаси комил дар Ғаззаро нашр кард ва ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ҳам мегӯяд, ки нигаришаш ба ин тарҳ «мусбат» аст; кишварҳои аврупоӣ ҳам аз он истиқбол карданд.

Раисҷумҳури Амрико ҷузъиёти тарҳи оташбаси комил дар Ғаззаро нашр кард ва ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ҳам мегӯяд, ки нигаришаш ба ин тарҳ «мусбат» аст; кишварҳои аврупоӣ ҳам аз он истиқбол карданд.

Бар асоси гузориши NBC News, Ҷо Бойден, раисҷумҳури Амрико тарҳ се марҳалаӣ барои оташбаси доимӣ ва комил дар Ғаззаро дар шабакаи иҷтимоии Х нашр кард; Байден пеш аз интишори ин тарҳ дар суханронии худ дар Кохи сафед эълон карда буд, ки ин тарҳи пешниҳодӣ аз тарафи режими саҳюнистӣ ба Вашингтон ироа шудааст; ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) низ мегӯяд, ки ба ин тарҳ «нигариши мусбат» дорад; кишварҳои аврупоӣ ҳам эълон карданд, ки аз ин тарҳ истиқбол мекунанд.

Байден пеш аз интишори ин тарҳ эълон кард, ки «ин пешниҳод пас аз дипломосии фишурда тавассути тими ман ироа шудааст. Ин тарҳ аз тариқи Қатар, ки яке аз миёнҷиҳои аслии музокирот аст, ба Ҳамос мунтақил шудааст.» Вай ҳамчунин гуфт, ки «содиқона бояд бигӯям, ки барои ҳаракат аз марҳалаи аввал ба марҳалаи дувум бояд дар бораи хеле чизҳо музокира кард ва то замоне, ки дар тамоми заминаҳо тавофуқ нашавад, марҳалаи дувум оғоз нахоҳад шуд.»

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин муддаӣ шуд, ки «ман аз мақомоти Исроил хостам, ки бидуни таваҷҷуҳ ба фишорҳои сиёсӣ, аз ин тарҳ ҳимоят кунанд.»

Ба навиштаи веб-сайти NBC News дар ҳоле, ки мақомоти исроилӣ дар бораи шароити мушаххасшуда аз тарафи Байден изҳори назаре накардаанд, дафтари Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар баёнияе эълон карда, ки Ӯ ба тими музокиракунанда иҷоза додааст, то «тарҳи куллӣ»-ро ироа кунанд, ки «шомили бозгашти ҳамаи рубудашудагони мо ва аз байн бурдани тавоноиҳои низомӣ ва давлатии Ҳамос бошад.»

Ҷузъиёти тарҳи оташбаси доим дар Ғазза

Марҳалаи аввал:

  • Оташбаси комил
  • Хурӯҷи неруҳои Исроил аз ноҳияҳои пурҷамъият дар Ғазза
  • Озодии бархе аз гаравгонҳо ва таҳвили ҷасади гаравгонҳо
  • Бозгашти ғайринизомиёни фаластинӣ ба хонаҳояшон дар Ғазза
  • Афзоиши кумакҳои инсонӣ

Марҳалаи дувум:

  • Поёни доимии хусуматҳо
  • Таомул барои озодии гаравгонҳои боқимонда
  • Хурӯҷи неруҳои Исроил аз Ғазза

Марҳалаи севум:

  • Тарҳи умда барои бозсозии Ғазза
  • Ҷасадҳои гаравгонҳо ба хонаводаҳояшон таҳвил мешаванд.

Ҳамос: нигариши мо ба ин тарҳ мусбат аст

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) низ бо интишори баёнияе эълон кард, ки «мо ба ончи дар суханронии Ҷо Бойден, раисҷумҳури Амрико дар фарохонаш барои оташбаси доимӣ, яъне хурӯҷи неруҳои ишғолгар аз Навори Ғазза, бозсозӣ ва табодули асирон матраҳ шудааст, нигариши мусбате дорем.»

Ҷунбиши Ҳамос эълон кард, ки мавзеи Амрико ва ҷамъоварии назари минтақаӣ ва байналмилалӣ мабнӣ бар зарурати поён додан ба ҷанги Ғазза, натиҷаи пойдории афсонаии мардуми муҷоҳид ва муқовимати далеронаи онон аст.

Ҳамос дар ҳамин росто омодагии худро барои бархурди мусбат ва созанда бо ҳар пешниҳоде мабнӣ бар оташбаси доимӣ, хурӯҷи комили неруҳои саҳюнистӣ аз Навори Ғазза, бозсозии Ғазза ва бозгашти оворагон ба маҳалли зиндагии худ эълон кард.

Ҳамос ҳамчунин эълон кард агар режими ишғолгари Исроил тааҳҳуди сареҳу ошкори худро ба ин оташбас эълон кунад, мубодилаи асирон ҳам иҷро хоҳад шуд.

Созмони Милал тарҳи пшниҳодии Байденро мусбат арзёбӣ кард

Дабири кулли Созмони Милал дар вокуниш ба пешниҳоди Байден дар бораи оташбаси доимӣ дар Ғазза, зимни истиқбол аз ин тарҳ, онро «фурсате муносиб барои таваққуфи даргириҳо ва озодии асирон» тавсиф кард.

Гутерриш ҷумъашаб дар ин бора гуфт: ранҷ ва вайронии фаровонеро дар Ғазза шоҳид будаем ва замони таваққуфи он фаро расидааст.

Истиқболи Аврупо аз тарҳи оташбас дар Ғазза

Вазирони хориҷаи Олмон ва Англис ва раиси Иттиҳоди Аврупо ҳам аз тарҳи ҷадиди пешниҳоди мунтасаб ба Исроил барои барқарории оташбас дар Ғазза истиқбол карданд.

АмрикоҒаззаҚудсоташбасРежими саҳюнистӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment