Адои эҳтироми СММ ба раисҷумҳури Эрон

Нишасти адои эҳтиром ба раисҷумҳури ҶИЭ дар Созмони Милали Муттаҳид бо суханронии созмонҳо, кишварҳо ва дабири кулли СММ рӯзи гузашта баргузор шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, нишасти адои эҳтиром ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо суханронии созмонҳо, кишварҳо ва дабири кулли СММ рӯзи гузашта баргузор шуд.

ҳозирон дар нишасти адои эҳтиром ба Сайид Иброҳим Раисӣ як дақиқа ба эҳтироми раисҷумҳури Эрон ва вазири умури хориҷаи ин кишвар сукут карда ва истоданд.

Дар идома хулосаи суханони намояндагони созмонҳо ва кишварҳои ҳозир дар ин маросимро зикр мекунем.

Намояндаи Созмони ҳамкории исломӣ: Нақши муассири Раисӣ дар эҳёи ҳуқуқи мусаллами фаластиниён

Намояндаи Созмони ҳамкории исломӣ дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид: Раисҷумҳури Эрон кумаки шоёне ба баланд бардоштани сатҳи равобити дӯстона миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки равобити олии дуҷониба ва чандҷонибаро дар дохили Созмони ҳамкории исломӣ тасбит кардааст, доштаанд.

Намояндаи кишварҳои Амрикои Лотин: Тааҳҳуди раисҷумҳури Эрон ба чандҷонибагароӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Намояндаи кишварҳои Амрикои Лотин ва Караиб дар нишасти СММ: Тааҳҳуди раисҷумҳури Эрон ба чандҷонибагароӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши муҳимме, ки эшон барои Созмони Милали Муттаҳид ба унвони чорчуби муҳими ҳамкорӣ ва дипломасӣ қоил буд, ва ҳамчунин талошҳои вай дар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи равобити дӯстона бо соири миллатҳо, иртиқои тавсеаи иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ифо кардро ба хотир дорем.

Намояндаи гуруҳи Африқо дар СММ: Нақши арзандаи раисҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон дар таҳкими пайвандҳои Эрону Африқо

Намояндаи гуруҳи Африқо дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид: Ҷаноби Сайид Иброҳим раисӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон дар таҳкими пайвандҳои Эрону Африқо ва тақвияти ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни миллатҳоямон нақши муассире доштанд.

Намояндаи гуруҳи дӯстони дифоъ аз Маншури Милали Муттаҳид: Қадрдонӣ аз нақши раисҷумҳури фақиди Эрон дар эҷоди тақвияти равобити дӯстонаи фимобайни кишварҳо

Намояндаи гуруҳи дӯстони дифоъ аз Маншури Милали Муттаҳид дар нишасти ин созмон: Аз онҷое, ки мо дар сӯги даргузашти ин раҳбарони бузург ва ҳамроҳонашон нишастем, аз кумакҳои онон аз ҷумла дар ҳифз, тарвиҷ ва дифоъ аз бартарӣ ва эътибори аҳдофу усули Маншури Милали Муттаҳид ва низ тааҳҳуди онҳо нисбат ба эҷоди эътимоду тақвияти равобити дӯстонаи фимобайни кишварҳо қадрдонӣ мекунем.

Сафири Эрон: Мероси шаҳид Раисӣ ва Амирабдуллоҳиён ҳамчунон ба мо ангеза медиҳад то барои минтақа ва ҷаҳони сулҳомезтар ва амнтар талош кунем

Сафиру намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид: Мероси шаҳид Раисӣ ва Амирабдуллоҳиён ҳамчунон ба мо ангеза медиҳад то барои минтақа ва ҷаҳони сулҳомезтар ва амнтар талош кунем.

Қобили зикр аст, ки асри якшанбе (19-уми май) Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумуҳри Эрон ва Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайате аз мақомоти ҳамроҳашон дар бозгашт аз дидор бо Илҳом Алиев, раисҷумуҳри Озарбойҷон ва ифтитоҳи садди муштараки Қизилқалъаси, дар минтақи кӯҳии Варзақони вилояти Озарбойҷони Шарқии Эрон чархболашон суқут карда ба шаҳодат расиданд.

Иброҳим РаисӣСММЭрон
Comments (0)
Add Comment