Ҳамос: Пас аз ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи Рафаҳ дар ҳеҷ гуна музокирот ширкат нахоҳем кард

Ҷунбиши фаластинии Ҳамос таъкид кард, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза дар ҳеҷ гуна музокира ширкат нахоҳад кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, Ҳамос эълон кард аст, ки пас аз ҳамлаи ба хаймаҳои оворагон дар Рафаҳ дар ҳеҷ гуна музокира ширкат намекунад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин дар авохири рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба урдугоҳи паноҳандагон дар Рафаҳ даҳҳо нафар шаҳид ва маҷрӯҳ шудаанд.

Созмони дифоъи шаҳрвандии Фаластин хабар дод, ки бар асари ҳамлаи исроилиён ба урдугоҳи Рафаҳ дасти кам 40 нафар шаҳид ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамос дар вокуниш ба ин ҷиноят Амрико ва Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаро масъули ин ҷиноят эълом кард.

Таҷовузи режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза имрӯз ба 237-умин рӯзи худ ворид шуд, дар холе ки чиноятхои душман ба мукобили ахолии осоишта давом дорад, неруҳои ҷабҳаи муқовимат низ дар меҳварҳои гуногуни ҷанги заминӣ ба артиши ин режим зарба мезананд.

Муқовимати Фаластин ба раҳбарии Ҳамос субҳи 7 октябр дар муқобили зулмҳои бепоёни саҳюнистҳо бо ҳамла ба шаҳракҳои саҳюнистӣ дар навори Ғазза амалиёти нодиреро оғоз кард ва даҳҳо саҳюнистро асир гирифт. Коршиносон ин амалиётро як шикасти стратегӣ барои режими саҳюнистӣ ва артиши он арзёбӣ мекунанд.

ҒаззаИсроилРафаҳРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment