Таъкиди Тоҷикистону Русия ба густариши ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм

Мақомоти давлатҳои Тоҷикистону Русия ба густариши ҳамкориҳо дар арсаи мубориза бо терроризм таъкид карданд

Мақомоти давлатҳои Тоҷикистону Русия ба густариши ҳамкориҳо дар арсаи мубориза бо терроризм таъкид карданд

Дар дидори вазирони кишвари Тоҷикистон ва Русия омодагии ду тараф барои густариши бештари ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо ҷурму ҷиноят эълон шуд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо Владимир Колокотсев, ҳамтои русии худ, ки ба Душанбе сафар кардааст, дидор ва гуфтугӯ карданд.

Тайи ин дидор дар хусуси тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо ҷурм ва ҷиноят, ҷилавгирӣ аз ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон ба аҳзоб ва ҷунбишҳои ғайриқонунӣ, беҳбуди ҳамкорӣ дар ҳавзаи муҳоҷират, ҳалли мушкилоти марбут ба вазъияти қонунӣ, беҳбуди шароити зиндагӣ, ҳифозат аз ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баҳс ва табодули назар шуд.

Дар ин дидор ибрози итминон шуд, ки ҳар ду тараф ҳамеша барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо ҷурм ва ҷиноят, терроризм, ифротгароӣ, ҷароими сайберӣ, табодули иттилоот ва ҳалли мавзуъҳои марбут ба муҳоҷират ва омӯзиши кодрҳои ҳирфаӣ, омода ҳастанд.

ифротгароӣРамазон РаҳимзодаРусиятерроризмТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment