Ҷиноятҳои даҳшатноки Рафаҳ бояд ҷаҳонро аз хоб бедор кунад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими хатми модари фақиди худ бо баёни инки ҷинояти Рафаҳ тамоми ниқобҳои дурӯғинро канор зад, гуфт: ин ҷиноят бояд тамоми афроди ғофил ва сокитро дар ҷаҳон бедор кунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросиме дар Зоҳия ба муносибати хатми модари фақидаш, гуфт: Ман қодир ба ҳузур дар маросими ташйиъ ва маросими хатми модарам набудам. Вазифаи ман ин буд, ки дар ибтидои сафи истиқбол аз шумо бошам, аммо ба далели шароити амниятӣ муҷоз ба ин кор набудам.

Вай афзуд: Ман ҳузури шуморо эҳсос мекунам, ин ҳузурро гиромӣ медорам ва ба он ифтихор мекунам. Аз тарафи падар, бародарон ва хоҳаронам ва ҳамчунин аз тарафи хонаводаҳои Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва Сафиуддин аз ҳамагон ба далели изҳори ҳамдардӣ ва тасалият ташаккур мекунам.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ идома дод: аз тамоми касоне, ки аз Лубнон, Ироқ, Фаластин, Эрон, Сурия, Покистон, Туркия, Яман, Баҳрайн, Кувайт, Миср, Тунис, Мавритания ва кишварҳои Африқоии дигар, Урдун ва Ҷибутӣ ва Лубнониҳои сокини кишварҳои хориҷие, ки ба ман тасалият гуфтанд, сипосгузорам.

Вай афзуд: аз бародаронам дар фармондеҳии Ҳизбуллоҳ  ва ҷунбиши Амал барои ҳузурашон дар канори падарам аз соати нахуст барои тасалият ва истодани чандин соатаи онон барои пазириши тасалият сипосгузорӣ мекунам. Аз хонаводаҳои шарифи шуҳадо, ки паёмҳои тасалиятиро барои мо ирсол карданд ташаккур мекунам.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бораи модараш гуфт: Наҳдия Ҳошим Сафиуддин модари марҳуми ман аз падар ва модари Ҳошимӣ ба дунё омад. Ӯ зани муъмин, нек, пок, ором ва камсухан буд, дар корҳои дигарон дахолат намекард, ба касе бадӣ намекард ва аз аҳаде нафрат надошт. Хонавода, тарбият ва ҳимоят аз онон барои вай аввалавияти комил дошт.

Вай идома дод: Модари мо ба падарамон дар таҳаммули сахтиҳо кумак мекард, шакебо ва ҳисобгар буд ва ба падар ва модараш некӣ мекард. Шаҳид Ҳодӣ нахустин наваи вай буд. Модарам ӯро дӯст медошт ва шаҳид Ҳодӣ ҳам ӯро дӯст медошт. Модарам аз шаҳодати вай бисёр мутаассир шуд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бахши дигаре аз суханони худ ба ҷинояти ахири режими саҳюнистӣ дар Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза пардохт ва гуфт: қатлиомми Рафаҳ нишонгари ваҳшигарии душман, ноҷавонмардӣ ва хоинбудани он аст. Мо дар баробари душмане ҳастем, ки ҳеҷ арзиш ё ахлоқиётеро бовар надорад ва аз нозиҳо ҳам бадтар аст. Ҷинояти ҳавлноки Рафаҳ бояд тамоми афроди ғофил ва сокитро дар ҷаҳон бедор кунад.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ идома дод: ҷинояти Рафаҳ тамоми ниқобҳои дурӯғинро канор зад; Ниқобҳое, ки ҳадаф аз он ин буд, ки режими Исроилро режими бо адаб нишон бидиҳад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон хитоб ба кишварҳое, ки равобити худро бо режими саҳюнистӣ оддӣ кардаанд, гуфт: Оё равобити худро бо ин ноҷвонмардони хоин, ки ваҳшигаришон ҳадду марзе надорад оддӣ мекунед?

Сайид Ҳасан Насруллоҳ афзуд: Дӯруии Амрико дар хусуси Рафаҳ нақши бузурге дар ҳафтаҳои гузашта ифо кард. Исроил бо хости ҷаҳон, ҷомеаи байналмилал ва додгоҳи байналмилалии кайфарӣ, ки дастур ба таваққуфи ҳамла алайҳи Рафаҳро додааст муқобила мекунад ва онро ба чолиш мекашд.

Вай афзуд: ин ҷинояти ҳавлнок бояд маҳкум шавад. Ин ҷинояти ҳавлнок далели маҳкам барои савқдодани ҷаҳон ба сӯи эъмоли фишор ҷиҳати таваққуфи таҷовуз ба Навори Ғазза бошад. Ҷиноятҳои Исроил бояд мояи ибрати мо ва касоне бошад, ки рӯи ҷомеаи байналмилал ва қавонини байналмилалӣ барои ҳимоят аз Лубнон ҳисоб боз кардаанд. Модарон ва кӯдакони Рафаҳ дар гӯши тамоми ғофилон, ноогоҳон ва касоне, ки аз воқеият ба дӯр ҳастанд ва чашми худро ба ҳақоиқи ин рӯзҳо бастаанд, фарёд мекашанд.

Вай афзуд: Ба ҷомеаи байналмилал бингаред; Нотавон ва заиф аст ва танҳо ба судури баёнияҳои ибрози нигаронӣ ва инзиҷор басанда мекунад. Ҷинояти Рафаҳ ва тамоми ҳамоқатҳое, ки душман муртакиб мешавад, мунҷар ба шикаст, фурӯпошӣ ва нобудии режими саҳюнистӣ хоҳад шуд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар поён гуфт: Мо ҳеҷ ояндаоеро барои ин режими нозӣ дар минтақаи худ мутасаввир нестем.

дабири кулли Ҳизбуллоҳи ЛубнонРафаҳРежими саҳюнистӣСайид Ҳасан НасруллоҳФаластинЭрон
Comments (0)
Add Comment