Ташкили ҷаласаи фавқулоддаи Шӯрои Амният дар бораи баррасии ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ

Нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар бораи баррасии ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ пушти дарҳои баста ба дархости Алҷазоир баргузор мешавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар идомаи вокунишҳо ба ҷинояти ваҳшиёнаи режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистҳо дар ҳамла ба чодарҳои оворагон дар ғарби Рафаҳ, ки шаби гузашта анҷом шуд ва бо шаҳодат ва захмӣ шудани даҳҳо ғайри низомие, ки ағлаб зан ва кӯдак буданд ҳамроҳ буд, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид нишасти изтирорӣ ташкил хоҳад дод.

Пойгоҳи хабарии Русия Ал-Явм дар хабаре ба нақл аз манобеи дипломатик аз баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милал бомдоди имрӯз сешанбе пушти дарҳои баста бо мавзӯъи ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори Исроил ба Рафаҳ, ба дархости Алҷазоир хабар дод.

Пойгоҳи хабарии Франс Пресс ба нақл аз манобеи дипломатик гузориш дод, ки ин нишаст ба дархости Алҷазоир, узви ғайри доими ин Шӯро пушти дарҳои баста баргузор хоҳад шуд.

Гуфтнӣ аст, ки сокинони Навори Ғазза ба вижа шаҳри Рафаҳ шаби гузашта шоҳиди ҳамалоти бесобиқае буданд, ки ба думболи он беш аз 50 тан ба шаҳодат расида ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди исломи низ дар баёнияҳои ҷудогона, ба куштори артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар шимоли ғарби шаҳри Рафаҳ вокуниш нишон доданд ва ин ҷиноятро беэътиноӣ ва иҳонати ошкор ба ҳукми ахири девони байналмилалии додгустарӣ мабнӣ бар лузуми таваққуфи ҳамалот ба ин шаҳр донистанд ва давлати Амрико ва Ҷо Байден раисҷумҳури ин кишварро ба таври вижа, масъули ин ҷиноят эълом карданд.

Дар ҳамин робита тазоҳуроти ҳазорон нафар дар сартосари ҷаҳон аз Лондон гирифта то Бағдод, Париж, Истамбул ва Марокаш ҷинояти ваҳшёна артиши режими палид ва ҷинояткории саҳюнистӣ дар Рафаҳ ва куштори оворагони Фаластиниро маҳкум карданд.

Мардуми нуқоти мухталифи ҷаҳон бо роҳпаймоииҳои худҷӯши худ, зимни маҳкум кардани ҷинояти дишаби ишғолгарони ваҳшии артиши режими палид ва ҷинояткории саҳюнистӣ дар Рафаҳ хостори поён додан ба ҷанги Ғазза ва ҷиноятҳои режими палиди саҳюнистӣ шуданд.

Дар ҳамин иртибот, ҳазорон нафар дар шаҳри Мачестери Англис рӯзи душанбе бо барпоии тазоҳуроте дар маҳкумияти куштори мардуми мазлуми Рафаҳ хостори иҷрои ҳукми девони додгустарии байналмилалӣ зидди Исроил ва таваққуфи фаврии ҷанг шуданд.

Аз сӯи дигар, тазоҳуроти густурдаи дигаре дар Истамбул дар ҳимоят аз Ғазза ва Фаластин ва маҳкумияти куштори ваҳшиёнаи оворагони фаластинӣ дар Рафаҳ баргузор шуд.

Ҳамчунин, мардуми мазлуми Баҳрайн низ бо баргузории тазоҳуроти густурдаи зидди Телавив дар Баҳрайн куштори Рафаҳро маҳкум карданд ва хостори лағви оддисозии равобит бо режими палид ва ишғолгари саҳюнистӣ шуданд.

Дар ҳамин иртибот, тазоҳуроти дигаре дар Фаронса баргузор шуд ва ҳомиёни Фаластин куштори оворагони фаластинӣ дар Рафаҳро маҳкум карданд.

Дар Каронаи Бохтарӣ низ, садҳо фаластинӣ дар шаҳри Ҷинин бо сар додани шиорҳои зидди ишғолгарон куштори Фаластиниён дар Рафаҳро маҳкум карданд.

Дар хабари бесобиқа, шабакаи хабарии Алҷазира аз тазоҳуроти гурӯҳе аз ҳомиёни Фаластин дар шаҳри «Рафаҳ» дар шаҳри Ҳайфои ишғолӣ хабар дод.

Ҳамчунин, тазоҳуроти мардуми Урдун муқобили сафорати режими палиди Исроил дар Уммон зидди ҷинояти ҳавлноки Исроил дар Рафаҳ баргузор шуд.

Мардуми Бағдод низ дар ҳимоят аз Ғазза ва маҳкумияти наслкшии артиши ишғолгари саҳюнистӣ дар Рафаҳ тазоҳуроти зидди исроилӣ баргузор карданд.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи артиши режими манҳус ва ҷинояткори саҳюнистӣ якшанбе шаб, чодарҳои оворагони Фаластиниро дар шимоли ғарби шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза бомбаборон карданд.

Дар ин ҷиноят то ин лаҳза беш аз 40 фаластинӣ, шаҳид ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Ҷустуҷӯ барои ёфтани афроди зери овор монда ҳамчунон идома дорад.

АлҷазираНавори ҒаззаРафаҳУрдунФаластинФаластиниФаронсаШӯрои амниятШӯрои Амнияти Созмони Милал
Comments (0)
Add Comment