Испания давлати мустакили Фаластинро ба расмият шинохт

Сарвазири Испания эълом дошт, ки Мадрид ба беш аз 140 кишваре, ки Фаластинро ҳамчун давлати мустақил эътироф кардаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сарвазири Испания, Педро Санчес дар суханоне расман эълон кард, ки давлати мустакили Фаластин аз тарафи Мадрид ба расмият шинохта шудааст.

Педро Санчес дар ин суханронӣ гуфт: Испания ба беш аз 140 кишваре ҳамроҳ мешавад, ки Фаластинро ҳамчун кишвари мустақил эътироф кардаанд.

Вай афзуд: Ба расмият шинохтани кишвари Фаластин на танҳо як зарурати таърихӣ, балки роҳе барои расидан ба сулҳ аст. Дидгоҳи мо дар хусус ба расмият шинохтани кишвари Фаластин мутобиқ бо қатъномаҳои Созмони Милал ва мавзеи Иттиҳодия Аврупо аст.

Санчес идома дод: Тасмими мо барои ба расмият шинохтани Фаластин иқдоме алайҳи Исроил ё дар ҳимоят аз Ҳамос нест. Мо ҳеҷ тағйиреро дар марзҳои 1967 бидуни тавофуқи исроилиҳо ва фаластиниҳо ба расмият намешиносем. Мо хостори оташбас ҳастем ва аз кишвари Фаластин, ки шарики сулҳ хоҳад буд, ҳимоят хоҳем кард.

Нахуствазири Испания гуфт: Ба расмият шинохтани кишвари Фаластин гоме таърихӣ аст, ки ба фаластиниҳо ва исроилиҳо иҷоза медиҳад ба сулҳ бирасанд. Танҳо роҳи сулҳ, роҳи ҳалли ду кишварӣ мебошад. Мо ба талошҳо барои барқарор кардани давлати Фаластин дар форумҳои байналмилалӣ саҳм мегузорем..

Педро Санчес ‎ ҳамчунин илова кард: Авлавияти кунунӣ, поён додан ба буҳрони бесобиқаи Ғазза аст ва гузаргоҳҳо бояд барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин борика боз шаванд. Бояд фавран ба ташдиди буҳрон дар Навори Ғазза поён диҳем ва оташбас барқарор кунем. Мо мутааҳҳид ба амният дар минтақа ҳастем ва бо кишварҳои арабӣ барои баргузарии конфронси сулҳ ҳамкорӣ хоҳем кард.

Дар ҳамин робита аз мақомоти Испания бихонед: Тарҳи эътирофи Фаластин барои поён додан ба хушунат дар Ғазза аст

ҒаззаИспанияФаластин
Comments (0)
Add Comment