Фаронса ва Олмон ба думболи кумакҳои бештар ба Украина ҳастанд

Раисҷумҳури Фаронса баъд аз дидор бо раисҷумҳури Олмон зимни сӯҳбат аз сулҳ аз тасмими Берлин ва Париж барои кумакҳои низомӣ ва таслиҳотии бештар ба Украина хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Эммануэл Макрон раисҷумҳури Фаронса, ки ба Берлин сафар карда бо Франк Валтер Штайнмайер ҳамтои олмонии худ дидор ва ройзанӣ кард.

Макрон баъд аз дидор бо Франк Валтер Штайнмайер дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард, ки Фаронса ва Олмон дар нишасти отии вузарои дифоъ ва Шӯрои Амнияти ду кишвар ба ҳамаи сенарияҳои сулҳ барои Украина ва ҳимоят аз Киев нигоҳ хоҳанд кард.

Макрон афзуд, дар нишасти вузарои дифоъ ва Шӯрои Амният Олмон ва Фаронса мо дар бораи ирсоли кумакҳои бештар ба Украина, таслиҳ, омӯзиши низомӣ ва омодагӣ барои ҳар сенарияе барои сулҳи бо давом ва ба иборати дигар як сулҳ бар пояи эҳтиром ба қавонини байналмилалӣ баҳс ва ройзанӣ хоҳем кард.

Раисҷумҳури Фаронса дар идомаи сӯҳбатҳои худ афзуд, имрӯз, тарафи сулҳ будан ба маънои қудрат додан ба қонун аст. Сулҳ таслим ва имтиноъ аз асл нест. Сулҳ тавоноии як кишвар барои дифоъ аз марзҳо ва ҳокимияти худ ва ҳамчунин низоми байналмилалӣ барои эҷоди як сулҳи пойдор аст. Ин урдугоҳе аст, ки мо интихоб кардаем ва самти дуруст дар чашмандози дароз муддат аст.

Ин аввалин сафари як раисҷумҳури Фаронса ба Олмон тайи 24 соли гузаштааст.

Хабаргузории Агентии Рейтер навишт зоҳиран ҳадафи ин сафари Макрон ин аст, ки ба думболи тадовуми танишҳои ҳал нашуда дар моҳҳои ахир миёни Париж ва Берлин, ваҳдати ду кишварро нишон диҳад.

Дар ҳамин робита Иттиҳодия Аврупо эълом карда, ки қарор аст таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Русия эъмол кунад ва дар бораи кумак ба Украина, вазъияти Ғазза ва Гурҷистон музокиротеро думбол хоҳад кард.

Ба гуфтаи як манбаъи аврупоӣ, вазирони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе аввалин листи сиёҳ таҳти таҳримҳои ҷадидро ба тасвиб хоҳанд расонд.

Ҳамчунин даргириҳои Украина ва ҷанг дар Ғазза бори дигар меҳвари нишасти 27 вазири хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел хоҳад буд. Як мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо пештар дар Брюссел ба хабарнигорон гуфта буд, ки вузарои хориҷаи ин Иттиҳодия дар мавриди ниёз ба ирсоли фаврии кумакҳои низомӣ ба Украина, ба вижа гулӯлаҳо ва системаҳои дифои ҳавоӣ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Дар мавриди таҳаввулоти Ғарб Осиё низ ин дипломат гуфтааст, ки вузарои аврупоӣ дар бораи вахомати авзоъ дар Рафаҳ гуфтугӯ хоҳанд кард ва вузарои хориҷа бо ҳамкорони худ аз «панҷ» кишвари арабӣ шомили Миср, Урдун, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ табодули назари ғайрирасмӣ хоҳанд дошт.

Илова бар ин, вазъияти марбут ба «қонуни авомили хориҷӣ» дар Гурҷистон низ дар дастури кори Иттиҳодияи Аврупо қарор хоҳад гирифт. Ҳамонтавр, ки ин дипломати аврупоӣ гуфтааст, ҳадафи Брюссел муҷозоти Тифлис бо таҳрими давлати Гурҷистон нест, балки ҳадаф ин аст, ки ба давлати Гурҷистон бигӯяд, ки тасвиби «қонуни авомили хориҷӣ» дар Гурҷистон бо раванди узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо дар тазод аст.

Гуфта шуда дар нишасти вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин интизор меравад вузарои хориҷа таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русияро вазъ кунанд. Таҳримҳое, ки эҳтимолан қарор аст афроди ҳақиқӣ ва ҳуқуқии масъул дар Русияро ҳадаф қарор диҳад. Ба гуфтаи як манбаъи аврупоӣ, вазирони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе аввалин листи сиёҳ барои таҳрими Русияро баррасӣ ва таъйид хоҳанд кард.

Рӯз гузашта низ Олаф Шултс садри аъзами Олмон эълом карда буд, ки Берлин мухолифи ҳамлаи Украина ба хоки Русия бо силоҳҳои ғарбӣ аст. Садри аъзами Олмон дар ин хусус гуфт, ки мухолифи додани фурсат ба Украина барои ҳамла бо силоҳҳои ғарбӣ ба хоки Русия аст.

Олаф Шултс дар идома афзуд: таслиҳоти дарёфтӣ аз муттаҳидони ғарбӣ набояд барои ҳамла ба Русия истифода шавад. Қавонини равшане барои истифода аз таслиҳоти ироа шуда тавассути Берлин вуҷуд дорад, ки бо мақомоти украинӣ дар ин бора тавофуқ шудааст.

Олаф Шултс хотирнишон кард: ҳадди ақал ин мавзеъи ман аст. Ҳадафи Берлин дар ин шароит ин аст, ки аз табдил шудани муноқишаи феълӣ ба як ҷанги ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ шуда ва ба ташдиди таниш кумак нашавад.

Мавозеъи Олаф Шултс, садри аъзами Олмон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Йенс Столтенберг дабири кулли НАТО пештар дар мусоҳибае бо Газетаи «Экономист» аз кишварҳои узви ин Иттиҳодияи низомӣ хост то маҳдудиятҳои вазъ шуда барои истифода аз силоҳҳои ирсолӣ ба Украина дар ҳамла ба хоки Русияро лағв кунанд. Вай ҳамчунин бо такрори мавзеъи НАТО мабни бар адами эъзоми неру аз ин эътилофи низомӣ таҳти раҳбарии Амрико ба Украина ё густариши чатри падофандии ин эътилоф, бори дигар муддаӣ шуд, ки НАТО як тарафи ин ҷанг нахоҳад буд.

Вай бо тарғиби кишварҳои НАТО ба манзури таъмини силоҳ ва ҳимояти бештар аз Украина гуфт: барои пирӯзии Украина дер нашудааст. Бояд силоҳ ва муҳиммоти бештар аз ҷумла сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ва таслиҳоти дурбурд ба Украина ирсол кунем.

 

БерлинБрюсселИттиҳодияи АврупоНАТООлаф ШултсОлмонРусияУкраинаФаронса
Comments (0)
Add Comment