Тарҳи эътирофи Фаластин барои поён додан ба хушунат дар Ғазза аст

Вазири дифои Испания гуфт, ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин дар Ғазза  як “наслкушии воқеӣ” аст. Равобити миёни Тел-Авмв ва Испания пас аз тасмими Мадрид барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин бадтар шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, изҳороти Маргарита Роблес, вазири дифои Испания дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии TVE, бозтоби назари “Йоланда Диаз, муовини нахуствазири Испания аст, ки тайи рӯзҳои гузашта ҷанги саҳюнистҳо дар Ғаззаро наслкушӣ тавсиф кард.

Роблес дар ин мусоҳиба гуфт: “Мо наметавонем он чиро дар Ғазза иттифоқ меафтад, нодидаи бигирем; ин як наслкушии воқеӣ аст.

Вазири дифои Испания ҳамчунин гуфт ба расмият шинохтани Фаластин тавассути Мадрид иқдоме алайҳи режими саҳюнистӣ нест ва афзуд, ки ин ба расмият шинохтани Фаластин барои кумак ба “поён додан ба хушунат дар Ғазза” тарроҳӣ шудааст.

Ӯ гуфт: “Ин алайҳи касе нест, ин алайҳи кабинаи Исроил нест, ин алайҳи исроилиҳо нест, мардуме ки мо ба онҳо эҳтиром мегузорем.”

Ба гузориши Ройтерс, мақомоти режими саҳюнистӣ ҳануз дар ин робита изҳориназре накардаанд. Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр ки ҳамалоташро алайҳи миллати Фаластин оғоз карда, ҷони наздик ба 36 ҳазор танро ки аксари онҳо зану кӯдак ҳастанд, гирифтааст ва ба аҳкоми байналмилалӣ ва фишорҳои ҷаҳонӣ барои мутаваққиф кардани ҷанг таваҷҷӯҳе надорад. Исроил ҳамчунин иттиҳомоти матраҳ шуда аз сӯи Африқои Ҷанубӣ дар додгоҳи байналмилалии додгустарӣ дар бораи наслкушиӣ алайҳи фаластиниёнро ба шиддат рад кардааст.

Муовини сарвазири Испания: Фаластин аз наҳр то баҳр озод хоҳад шуд

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Йоланда Диаз, муовини дувуми сарвазири Испания пас аз он ки Мадрид кишвари мустақилли Фаластинро ба расмият шинохт, дар видеое ҳимояти комили худро аз Фаластин эълом кард.

Йоланда Диаз, дар ин видео бо такрори шиори намодини Фаластиниён гуфт: Аз наҳр то баҳр, Фаластин озод хоҳад шуд.

Педро Санчез, сарвазири Испания низ пас аз ба расмият шинохтани Фаластин таъкид кард: кишварҳои дигари аврупоӣ низ аз Испания табаият хоҳанд кард. Ҳар чи теъдоди мо бештар шавад, оташбас зудтар муҳаққақ хоҳад шуд. Мо таслим нахоҳем шуд.

Испания, ҳамроҳ бо Ирландия ва Норвегия эълом карданд дар 28 май, кишвари Фаластинро ба расмият мешиносанд ва ин амр вокуниши хашмгини саҳюнистҳоро дар пай дошт ва сафирони худро аз ин се кишвар фарохонд.

Рӯзи ҷумъа девони байналмилалии додгустарӣ дар Гаага, ба дунболи тарҳи шикояти Африқои Ҷанубӣ аз Тел-Авив ба иттиҳоми наслкушӣ ҳукм дод, ки режими саҳюнистӣ фавран таҳоҷуми низомии худ дар Рафаҳ, шаҳре воқеъ дар ҷанубитарин нуқтаи Навори Ғаззаро мутаваққиф кунад.

ҒаззаИспанияИсроилРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment