Вазири дифои Испания: Он чӣ дар Ғазза рух медиҳад, як наслкушии воқеӣ аст

Вазири дифои Испания барои нахустин бор ба унвони як вазир аз ҳизби сотсиалист, ки раҳбари эътилофи давлати ин кишварро бар ӯҳда дорад, аз калимаи «наслкушӣ» барои тавсифи ҷиноёти Исроил дар Навори Ғазза истифода кард.

Ба гузориши рӯзномаи Ал-Ахбори Лубнон, “Маргарита Роблес” вазири дифои Испания, вазъияти Навори Ғаззаро «наслкушии воқеӣ» тавсиф кард.

Бар асоси ин гузориш, ин нахустин боре аст, ки вазире аз ҳизби сотсиалисти Испания, ки раҳбари эътилофи давлатиро бар ӯҳда дорад, аз калимаи «наслкушӣ» барои тавсифи иқдомоти ғайриқонунии Исроил дар Навори Ғазза истифода мекунад.

Маргарита Роблес, дар гуфтугӯ бо радио «RTE» Испания дар ҳошияи як режаи низомӣ дар шаҳри «Авида» дар шимоли ин кишвар бо баёни ин ки Испания наметавонад вазъияти Ғаззаро нодида бигирад, таъкид кард, ки сулҳ аввалавияти неруҳои мусаллаҳ ва давлати Испания аст.

Вай дар бораи ба расмияти шинохтани кишвари Фаластин аз сӯи Мадрид гуфт: ин гоме барои дастёбӣ ба ҳамзистии мусолиматомез ва поён додан ба хушунат дар Навори Ғазза аст.

Вазири дифои Испания дар поёни суханони худ хотирнишон кард, ки неруҳои мусаллаҳи кишвараш дар чорчуби амалиёте, ки Созмони Милал барои барқарории сулҳ раҳбарӣ мекунад, дар марзҳои Исроил ва Лубнон ҳузур доранд ва ин ҳузур, Испанияро ба шарики муҳимме дар бозгардондани сулҳ ба минтақа дар замони муқаррар табдил хоҳад кард.

Гуфтнӣ аст, ки Испания бо ҳамроҳии Норвегия ва Ирландия се кишвари аврупоӣ ҳастанд, ки ахиран эълом карданд кишвари мустақилли Фаластинро ба расмият мешиносанд.

ИрландияИспанияНавори ҒаззаНорвегияФаластин
Comments (0)
Add Comment