Парлумони Дания ба расмият шинохтани кишвар Фаластинро тасвиб мекунад

Радиои расмии кишвари Дания эълом кард парлумон ин кишвар сешанбе оянда ба расмият шинохта шудани кишвари Фаластинро ба тасвиб хоҳад расонд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, расонаӣ шудани ин хабар танҳо як рӯз пас аз эъломи кишварҳои Норвегия, Ирландия ва Испания анҷом шудааст, ки аз омодагии худро барои ба расмият шинохти Фаластин ба унвони як кишвари мустақил дар 28 май хабар доданд.

Бар асоси эъломи радиоии расмии Дания, Петро Мах, сухангӯи умури хориҷии «эътилофи сурх ва сабзи» муқобили ин кишвар таъкид кард: аҳзоби давлатӣ фурсати тасвиби мусавваботи лозим барои ба расмият шинохта шудани кишвари Фаластин дар ҳафтаи ояндаро фароҳам хоҳанд кард.

Петро Мах афзуд: давлат дар пайи тағйири масири худ ва ҳаракат дар масири Норвегия ва дигар кишварҳои аврупоӣ аст.

Ин пешниҳод аз сӯи эътилофи «Сурх ва Сабз», либералҳои сотсиалист, ҳизби ҷойгузин ва ҳизби сотсиали мардуми ироа шудааст.

ДанияСурх ва СабзФаластин
Comments (0)
Add Comment