Ҳамдардии мақомоти кишвар бо давлату миллати Эрон

Ҳайатҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд.

Ҳайатҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд.

Ба  нақл аз манобеи хабарӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба роҳбарият ва мардуми шарифи ин кишвари дӯсту бародар дар робита ба даргузашти фоҷеабори президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ҳодисаи суқути чархбол изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки хабари фоҷеавии даргузашти президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳонаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи роҳбарият ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардидааст.

Саҳм ва кӯшишҳои Сайид Иброҳими Раисӣ дар густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ бузург арзёбӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки мардум ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ғамангез, ғамшарики ин кишвари дӯсту бародар ва мардуми он буда, ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор медоранд.

Сайид Иброҳими РаисӣтасаллиятТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment